Пирӯзии Дилшод Назаров дар Пекин

Август 24, 2015 03:33

Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ, ки дирӯз 23 август дар Пекин баргузор шуд, барои ҷойи дуввум бо медали нуқра ва 30 ҳазор доллар сарфароз гашт. 
Ба иттилои манбаъ, Дилшод дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ байни мардон дар байни 12 нафар зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр ҷои дуввумро азони худ кард. Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров барои аввалин бор дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба чунин дастоварди бузург мушарраф шуда, соҳиби медал гардидааст. 
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук аз Тоҷикистон ба ҷуз Дилшод Назаров боз як варзишгар —  Кристина Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр ширкат меварзад.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар варзишгоҳи «Лонаи парранда-и пойтахти Чин  Пекин  то рӯзи 30 август идома хоҳад кард, ҳудуди 2000 варзишгар аз 207 кишвар барои 47 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Ғолибон дар намудҳои инфиродӣ ба ҷуз медали тилло бо 60 ҳазор доллар, барои медалҳои нуқра бо 30 ҳазор доллар ва барои медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.
Дастае, ки дар эстафета ғолиб меояд, 80 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дуввум дар эстафета 40 ҳазор доллар ва барои ҷойи севвум 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Инчунин онҳое, ки рекорди нави ҷаҳонӣ мегузоранд, бо 100 ҳазор доллар сарфароз хоҳанд шуд.

 

Август 24, 2015 03:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст