«Промо-Акция»-и «Амонатбонк» ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлолият
Душанбе, 22.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади дастгирии пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тасмим гирифтааст, бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҷалби зиёдтари мардум ва боварии онҳо ба бонкҳо «Промо-Акция» ё ба истилоҳ «Иқдоми ташвиқотӣ»-ро дар мавзеъҳои истироҳатию фарҳангии шаҳри Душанбе, ки аз шаҳрвандону меҳмони хориҷӣ зиёд аст, баргузор намояд. Ин иқдом бо иштироки беш аз 200 нафар корманди БДА ҶТ «Амонатбонк», 7 филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва Раёсати Бонк гузаронда шуд. Оғози ин чорабинӣ дар ду мавзеи шаҳри Душанбе, ин ҳам бошад дар «Боғи ботаникӣ» ва «Майдони 800-солагии Маскав» аз соати 10-и субҳ то соати 12:00 идома ёфта, дар ҷараёни он беш аз 100 нафар кормандони масъули Бонк, варақаҳои таблиғотӣ, обу нушокиҳо, ручкаю дигар маводҳои ташвиқотиро ба истироҳаткунандагону меҳмонон тақдим намуданд. Ҳамаи кормандон-иштирокчиён, бо либосҳои омодашуда, ки бо рамзу навиштаҷоти Бонк омодашуда буд, дар ин аксия ба меҳмонон маводҳои омодашударо тақсим менамуданд. Ҳамзамон дар «Майдони 800-солагии Маскав», ки дар назди бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе воқеъ аст, аз ҷониби ташкилкунандагон чорабиниҳои фарҳангӣ низ бо иштироки ҳунармандон баргузор намуданд. Саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва суруду таронаҳои гуруҳҳои эстрадӣ ба чорабини як ҳусни дигар зам намуда, таъби истироҳаткунандагонро болида гардонид.
Алъон аз ҳайати 2800 нафараи «Амонатбонк» танҳо 200 нафар ба ин иқдом ҷалб гардида буданд. Роҳбарияти бонк тасмим гирифтааст, ки дар аксияҳои навбатӣ, ки дар тамоми манотиқи кишвар сурат мегиранд, кормандони филиалҳои бонк ба пуррагӣ дар ин чорабиниҳо иштирок намоянд. Тавре раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзод изҳор дошт, мақсади асосии ин гуна аксияҳо, пеш аз ҳама ин ҷалби бештари мардум ба Бонки «Амонатбонк» ва зиёд намудани эътимоду боварии мардум ба соҳаи бонкӣ мебошад.
Куратори чорабинии мазкур, муовини раиси БДА ҶТ «Амонатбонк» Маҳмудзода Бахтиёр иттилоъ дод, ки шоми имрӯз ҳамчунин аз соати 18:00 то соати 20:00 дар боғҳои фарҳангӣ- фароғатии «Пойтахт», «Дӯстии халқҳо», майдончаи назди Сирки давлатӣ ва майдончаи назди шаршараи «Наврӯзгоҳ» аксияи мазкур идома ёфта, дар маҷмуъ беш аз 30 ҳазор буклет, 1000 адад обҳои нӯшокӣ, 1500 адад авторучкаҳо тақдим карда мешаванд. Лозим ба зикр аст, ки ин иқдом бори аввал буда, давмоми сол низ бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пешистода, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор хоҳанд гашт.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






