Пурзӯршавии мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ
Душанбе, 27.08.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 25 август дар доираи сафари ҳайати намояндагони Бонки рушди Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 17 то 28 август идома меёбад, дар Бонки миллии Тоҷикистон дар самти гузаронидани баҳодиҳии хавфи миллӣ, ки аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор ташкил карда шудааст, ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ доир гардид. Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои омода намудани лоиҳаи ҳисобот оид ба хавфи миллӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ҳамкории мутақобилаи судманди байналмилалӣ ва байниидоравӣ дар марҳилаи ҷамъоварии маълумот дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳадаф аз ташрифи ҳайати намояндагони Бонки рушди Осиё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи Барномаи кумаки техникӣ дар самти “Пурзӯр намудани тартиби мубориза бо қонунигардонии даромадҳо” мебошад, ки 22 ноябри соли 2013 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё ба имзо расидааст. Яке аз мақсадҳои барномаи мазкур ин кам намудани сатҳи хавф, пурзӯр намудани низоми мубориза бо қонунигардонии маблағҳо ва сазовор гардидан ба баҳои мусбии ФАТФ (Гурӯҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза бо шустушӯи пул) мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






