Рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, имсол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 21219 гектар картошка кишта гузаронида шудааст. То 21 августи соли равон майдони 7167 гектари он ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1903 гектар афзунтар аст.
То имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 153897 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 42339 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 214,7 сентнериро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 сентнерӣ зиёд мебошад.
Соли 2015 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28233 гектар кишти сабзавот коштанд, ки то имрўз майдони 19790 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3085 гектар афзунтар аст. То 21 август дар ҷумҳурӣ ба миқдори 483305 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса 97318 тонна бештар аз соли гузашта буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 244,2 сентнериро такшил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 13,2 сентнерӣ зиёд аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






