Роҳбари Шӯрои уламои музофоти Урузгон ба ҳалокат расид

Август 31, 2015 06:24

Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҳудуди ҷанубии музофоти Урузгони  Афғонистон,  дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиён  роҳбари маҳаллии  шӯрои  уламо  мавлавӣ  Лаъл  Муҳаммад  ба ҳалокат расид.

Ҳангоме ки ҷангиён ба мошин ҳамла намуданд, мавлавӣ дар ҳамсоягии музофоти Қандаҳор қарор дошт.  Ҳамроҳ бо фақеҳ ду нафари дигар низ кушта шуданд, ки яке аз онҳо  афсари пулис мебошад.  Мошине, ки фавтидагонро  аз як тараф ба тарафи дигар интиқол медод, ба муовини роҳбари  пулис  тааллуқ дошт. Дар ин бора оҷонсии хабарии  «Бохтар»  иттилоъ медиҳад.

То ба ҳол, ягон  гурӯҳи мухолифи мусаллаҳ ҳамлаи террористиро  бар ӯҳда нагирифтааст.

Август 31, 2015 06:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад