Роҳи Ағбаи Оббурдон барқарор мешавад
Душанбе, 01.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бар асари хокрезиш аксари минтақаҳои роҳи мошингарди ағбаи Оббурдон, ки дар мавсими тобистон тавассути он мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва қисман ноҳияи Айнӣ ба дигар минтақаҳои вилояти Суғд рафту омад мекунанд, хароб гардидаву барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт хатарнок буд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, бо супориши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои омода намудани роҳи ағбаи Оббурдон ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он беш аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Корҳои васеъкунии роҳ ва тахту ҳамворсозӣ дар ду ҷониб — ҳам ба самти деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ҳам ба самти деҳаи Овчии ноҳияи Ғончӣ бо суръат пеш мераванд.
Роҳсозон новобаста аз ҳарорати пасти ин мавзеъ фаъолияти мунтазамро ба роҳ монда, наздик 60 фоизи корҳоро ба анҷом расонидаанд. Роҳсозон аз ду ҷониб роҳро васеъ намудаву дар ҳар гардишгоҳ барои таваққуфи нақлиётҳо ҷой омода месозанд.
Барои анҷоми корҳои тахту ҳамворкунӣ ва васеъкунии роҳи мошингарди ағбаи Оббурдон техникаҳои зарурӣ ва наздик ба даҳ нафар қувваи корӣ ҳамарӯза ба кор ҷалб карда шудаанд.
Роҳи ағбаи Оббурдон, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 50 километрро дар бар мегирад, дар солҳои 80-уми асри гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гиифта, то ба имрӯз сокинони минтақаҳои куҳӣ шурӯъ аз моҳи июн то моҳи октябр ҳамасола тавассути он равуо мекунанд.
Бо вуҷуди он ки дар ағба корҳои роҳсозӣ идома доранд, вале ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ду самт бе маҳдудият ба роҳ монда шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






