Роҳҳои харобгардидаи Бадахшон барқарор мешаванд

Август 6, 2015 11:56

Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар»Хосият Худоёрбекова). — Кариб 1 км  китъаи харобгардидаи шоҳроҳи  Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз -Хоруғ Мургғоб- Кулма, ки дар натиҷаи офати табии 16 июл дар деҳаи Барсем рӯх дода зери об монд,  барқарор карда шуд.  Дарозии  умумии  ин қитъаи  харобгардида   4 км буда,  700 метри ин роҳ  аз ҷониби деҳаи Барсем  ва 300 метри ин роҳ аз ҷониби деҳаи Колхозобод аллакай  барқарор ва ба талабот ҷавобгу гардонида шудааст.
Хушназар Абдураҳимов  муовини сардори муассисаи  давлатии  идораи  хочагии  роҳҳои  вилоят  қайд намуд, ки  роҳсозон аз нақлиёти  кории даркорӣ  пурра таъмин ҳастанд  ва корҳои барқарорсозии ин қитъаи роҳ  шабу рӯз идома доранд.
Барои бунёди роҳ  дар бробари роҳсозони ватани ҳамчунин мутахасисони хориҷӣ низ ҷалб шудаанд.
Хотиррасон бояд кард, ки бунёди рох  аз дили куҳҳои   мавзеъи  душворгузари Шитобог  мегузарад. Роҳсозон дар ин ҷо шабу рӯз ҷидол бо табиат доранд  ва сади роҳи иборат аз сангҳои азимро   бо пармаву  таркиш пора намуда, тоза менамоянд. Аз ин рӯ дар ин ҷо техникаи вазнин ба кор ҷалб карда шудааст. Хушназар Абдураҳимов  муовини сардори муассисаи  давлатии  идораи  хоҷагии  роҳҳои  вилоят  иброз дошт,ки аз ҷониби  деҳаи Колхозобод ба болои дарёчаи куҳии Шорви пули мошингузар  сохта мешавад. Дарозии ин пул 31,5 метр, пахноияш 3.5 метр ва  борбардориаш  зиёда аз 60 тонна  мебошад. Масолеҳи  сохтмонӣ барои бунёди пул дастрас буда, дар рӯзҳои наздик сохтмони он  оғоз меёбад.
Дар айни замон мардум  аз роҳи  пиёдагард, ки  тариқи куҳ мегузарад,  истифода менамоянд. Бояд кайд намуд, ки  ин роҳи пиёдагард аз ҷониби ҷавонони  ризокори  ҷамоати деҳоти Веру Ванкалъа, Навободу Сучони ноҳияи Шуғнон    кушода гардид.

 

Август 6, 2015 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд