Се миллион ироқӣ аз дасти ДИИШ гуреза шудаанд

Август 12, 2015 03:44

Душанбе, 12.08.2015. (АМИТ«Ховар», Баҳманёр Маҳмудзода).-  Шумори ироқиҳое, ки дар пайи ҳамлаҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар ин кишвар овора шудаанд, ба беш аз се миллион нафар расидааст.
Бар пояи иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират аз аввали моҳи декабри соли гузашта то имрӯз 3 миллиону  112 ҳазору 914 нафар ва танҳо дар моҳи гузашта 25 ҳазор нафар  дар Ироқ  овораву  гуреза шудаанд. 
Ба гузориши расонаҳои арабӣ 68 дарсади оворагон сокинони  минтақаҳои  марказӣ ва шимолии Ироқ  ҳастанд.  

 

 

Август 12, 2015 03:44

Хабарҳои дигари ин бахш