Семинар-машваратҳо барои китобдорӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Август 26, 2015 03:40

Душанбе, 26.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз ҷониби кормандони  Китобхонаи давлатии патентию техникии (КДПТ) Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол семинар машваратҳо гузаронида шуд.
Аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар семинар-машваратҳо доир ба самтҳои афзалиятноки кори Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаи китобдорӣ ва истифодаи он дар кори рӯзмарра маълумот дода, барои баррасӣ намудани  масъалаҳои ҷойдоштаи соҳаи китобдорӣ  масъалагузорӣ шуд. 
Иштирокдорони семинар-машваратҳо қайд намуданд, ки чунин семинарҳо мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷониби мутахассисони соҳаи китобдорӣ гузаронида шавад, то ин ки китобдорон ва мутахассисони ҷавони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо навгониҳои соҳаи китобдорӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, дар кори рўзмарраи худ истифода намоянд. 
Дар фарҷоми семинар-машваратҳо  барои ба роҳ мондани  ҳамкории дуҷонибаи минбаъда ва бо мақсади  рушди фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ байни  КДПТ ва китобхонаҳои системаи марказонидашудаи  Роғун, Нуробод, Рашт,  Тоҷикобод  ва Ҷиргатол созишнома ба имзо расонида шуд. 
Мавриди зикр аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ китобхонаҳои наву замонавӣ ба истифода дода шудааст, ки баҳри рушд ва баланд бардоштани фарҳанг ва маънавиёти наврасону ҷавонон мусоидат менамоянд.  

Август 26, 2015 03:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид