Семинар-машваратҳо барои китобдорӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Душанбе, 26.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз ҷониби кормандони Китобхонаи давлатии патентию техникии (КДПТ) Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол семинар машваратҳо гузаронида шуд.
Аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар семинар-машваратҳо доир ба самтҳои афзалиятноки кори Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаи китобдорӣ ва истифодаи он дар кори рӯзмарра маълумот дода, барои баррасӣ намудани масъалаҳои ҷойдоштаи соҳаи китобдорӣ масъалагузорӣ шуд.
Иштирокдорони семинар-машваратҳо қайд намуданд, ки чунин семинарҳо мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷониби мутахассисони соҳаи китобдорӣ гузаронида шавад, то ин ки китобдорон ва мутахассисони ҷавони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо навгониҳои соҳаи китобдорӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, дар кори рўзмарраи худ истифода намоянд.
Дар фарҷоми семинар-машваратҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи минбаъда ва бо мақсади рушди фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ байни КДПТ ва китобхонаҳои системаи марказонидашудаи Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол созишнома ба имзо расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ китобхонаҳои наву замонавӣ ба истифода дода шудааст, ки баҳри рушд ва баланд бардоштани фарҳанг ва маънавиёти наврасону ҷавонон мусоидат менамоянд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






