Сергей Лавров: «Бояд қотеона монеи пешрафти гурӯҳи ДИИШ шавем»

Август 6, 2015 02:49

Душанбе, 06.08.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода). — Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия баъд аз мулоқоташ бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои амрикоии худ дар бораи мубориза бо террористҳои ДИИШ гуфт: «Мо бо Амрико мувофиқем, ки ин вазъият ниёзманди иқдомоти бештар аст ва бояд қотеона монеи пешрафти гурӯҳи ДИИШ шавем». Мавриди зикр аст, ки сухангӯи  Кремл Дмитрий Песков рӯзи сешанбе эълом намуда буд, ки Русия аз нуфузи рӯзмарраи ДИИШ нигарон аст ва барои мубориза бо ин гурӯҳ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ даъват мекунад.

Август 6, 2015 02:49

Хабарҳои дигари ин бахш