Шиносоии намояндагони Эрон бо дастовардҳои Академияи ВКД

Август 4, 2015 05:25

Душанбе, 04.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Намояндагони  Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо роҳбарии фармондеҳи Донишгоҳи улуми интизомии «Амин»-и нерӯи интизомии ин кишвар Лутфалии Бахтиёр 3 август ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Гурӯҳи кориро сардори Академияи ВКД, подполковники милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ пешвоз гирифт.
Дар мулоқот сардори Академияи ВКД Шарифзода Файзалӣ аз фаъолияти илмию таълимии омӯзгорону муҳассилин, дастовардҳои онҳо суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки имрӯз дар Академия зиёда аз 15 нафар профессору докторони илм ва беш аз 50 номзади илм фаъолият менамоянд. Дар навбати худ Лутфалии Бахтиёр аз самтҳои фаъолияти Донишгоҳи улуми интизомии «Амин», бахшҳои он, ки шаш факултаву ҳафт марказро ташкил медиҳад ва ҳамасола зиёда аз 950 нафар омӯзгорон дар он дарс мегӯянд, нақл кард. Номбурда дар идома зикр кард, ки мо бояд дар заминаи ҳамкории дуҷониба таҷрибаи кории ҳамдигарро омӯзем ва ин муносибатҳоро густариш диҳем.
Сипас кормандони ротаи зудамали махсуси милитсия машқи тактикӣ-низомӣ барои озод намудани гаравгононро ба меҳмонон намоиш доданд.

Август 4, 2015 05:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад