Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор

Август 13, 2015 11:47

Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  дар ноҳияи Ҳисор бо рафти корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор шинос шуд.
Дар иншооти асосии ҷашнӣ, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешаванд, корҳои навсозию сохтмон ва таъмиру таҷдид дар марҳилаи анҷомёбӣ  қарор  дошта, дар  ду канори роҳи марказии ноҳия, варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст,мактаби перезидентӣ, осорхонаю  китобхона,  қасри фарҳанг ва мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор  асосан корҳои таъмини иншоот бо барқу об  ва корҳои ороишию ободонӣ боқӣ  мондаанд. Бо дастури Сарвазири мамлакат дар иншооти номбурда то рўзҳои наздик ба ҷашн корҳои боқимонда бояд пурра ба анҷом расонида шаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки барои беҳдошти шароити некўаҳволии мардум ва ба шаҳри наву замонавӣ табдил додани Ҳисори бостонӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 400 иншооти хурду бузурги хизматрасонӣ,  энергетикӣ,  обу корезӣ,    маорифу  тандурустӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда,  қисми зиёде онҳо аллакай мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  дода  шудаанд. Дар иншооти дигар корҳои пешбинишуда дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Дар  ҷамоати деҳоти Шарораи ноҳия Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти корхонаи навбунёди хиштбарории «Корвони аср» шинос шуд, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ бунёд шудааст. Иқтидори  лоиҳавии  корхона   ба истеҳсоли 45 миллион  хишт  дар як сол баробар буда, дар он 80 нафар аҳолии таҳҷоӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин шудаанд. Дар пайрави ҳидоят ва  иқдомҳои созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳибмулки ин корхона барои бунёди як мактаби замонавӣ барои 640 хонанда дар як баст дар деҳаи Уртабузи ҷамоати деҳоти Шарораи ноҳия иқдом гирифта, имрўз дар ҳузури ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000- солагии Ҳисор корҳои бунёди мактаби нав шурўъ карда шуд. Зимни шиносоӣ бо навсозӣ ва таъмиру таҷдиди мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Қалъаи Ҳисор, ки аз лоиҳаҳои асосии таҷлили ҷашни 3000-солагӣ маҳсуб мегардад масъулини идораҳои паймонкорӣ ба иҷрои босифати корҳои навсозӣ ва таъмиру  таҷдид бо назардошти пешниҳодҳои таърихнигорону бостоншиносон ва риояи санъати меъмории замони бунёди қалъа вазифадор карда шуданд. Дар ҷаласаи ситоди Кумитаи тадорукоти ҷашни 3000-солагии Ҳисор-аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, масъулини мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия ва ташкилоту идораҳои сохтмонӣ барои анҷоми босифати корҳои боқимондаи сохтмони чойхона, корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва равшаннамоии иншооти ҷашнӣ ва  канори роҳҳои марказию маҳалии  ноҳия, бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта дар мўҳлатҳои кўтоҳ ва дар сатҳи баланд омода кардани барномаи фарҳангии ҷашнӣ вазифадор шуданд.

Август 13, 2015 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд