Шуки Бугум: «Аъзои ДИИШ мусулмон нестанд»
Душанбе, 24.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шуки Бугум-зани як диишӣ, ки бо 5 фарзандаш аз Сурия ба Туркия фирор кардааст, аз созмонҳои ҷаҳонӣ мехоҳад, ки вайро ба шаҳраш Манчестер баргардонанд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи «Ал-олам» рӯзномаи «Сандри таймз» навиштааст: Шуки Бугум асолатан бангладешӣ аст ва бо фарзандонаш 10 моҳ дар шаҳри Албоб, ди шимоли Сурия зиндагӣ мекард ва ба фарзандони аъзои хориҷии ДИИШ забони англисӣ омӯзиш медод.
Дар рӯзномаи «Сандри таймз» омадааст: «Бугум ҳамакнун мухолифона дар Туркия зиндагӣ мекунад. Мушкилот ва сахтиҳо дар Сурия ӯро афсурда карда, акнун нигарони афтодан ба доми аъзои ДИИШ дар Туркия аст».
Бугум таъкид мекунад, ки аъзои ДИИШ мусулмон нестанд.
Ин рӯзномаи англисӣ меафзояд: «Бугум мехоҳад ба Англия баргардад ва наметавонад дар Туркия бимонад, зеро муътақид аст, ки ДИИШ дар таъқиби вай аст».
Тавре ки рӯзномаи «Сандри таймз» менависад, «ҳанӯз маълум нест, ки Бугум дар сурати бозгашт ба Англия оё бо иттиҳоми терроризм рӯ ба рӯ хоҳад шуд ё на»?
Манбаъ ба нақл аз Аҳмад Абдулқодир, ки мегӯяд дар интиқоли Бугум ва фарзандонаш аз Сурия ба Туркия мушорикат карда буд, гузориш додааст: «Ман медонам, ки даҳҳо нафари дигар ҳамчун Бугум пас аз дидани воқеиятҳои диишӣ, аз ин гурӯҳ ҷудо шудаанд, вале аксари кишварҳо ба онҳо иҷоза намедиҳанд, ки ба кишварҳояшон бозгарданд».
Абдуқодир мегӯяд: «Афроде, ки ба манотиқи таҳти тасарруфи ДИИШ дар Сурия мераванд, мефаҳманд, ки он чӣ қаблан дар бораи ДИИШ шунидаанд, дурӯғ аст ва шунидаҳо аз дидаҳо фарқ мекунанд ва ин манотиқ барои онҳо зиндон аст». Номбурда, ки узви гурӯҳи «Чашме ба Ватан» дар Туркия аст, илова кард: «20 то 25 нафар ҳар ҳафта тамоюли худро барои бозгашт ба кишварҳояшон эълом мекунанд ва агар давлатҳо ҳамкорӣ кунанд, мо метавонем теъдоди бештареро ба кишварҳояшон боз гардонем, вале на ҳамаи кишварҳо ин гуна шаҳрвандонашонро мепазиранд».
P.S. «Ховар»-То имрӯз қисме аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фиреб хӯрдаву ба доми таблиғгарони гурӯҳҳои ифротгаро афтода буданд, баъд аз фаҳмидани ҳақиқати ҳол ва пушаймониҳои зиёд бо як машаққат ба Ватан омадаанд. Он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло дар сафи ташкилот ва гурӯҳҳои ифротӣ ҳастанду мехоҳанд ба Ватан баргарданд, мақомот барои бозгашти онҳо мусоидат мекунанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






