Сипоснома ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Август 6, 2015 04:45

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон!
      Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Ҳар як сафари Шумо ба Бадахшон барои мардуми ин сарзамини куҳанбунёд шодию нишот, файзу баракат, рӯзгори рангин ва ваҳдату фазои тоза, ободию созандагии бемисл меорад. 
      Зеро хизматҳои Шумо дар таърихи давлатдории тоҷик, истиқлолияти миллӣ беандоза буда, миллату давлатро аз хатари нобудшавӣ наҷот бахшидед. 
Бо талошҳои пайгиронаатон сулҳу оштӣ, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмии миллати тоҷик ба ҷаҳон башорат дод, ки дар ҳақиқат ҳам Шумо барои сулҳи воқеъӣ, барои осоиши мардум ва бунёди  ваҳдати миллати мо хизмати арзанда кардаед. 
Маҳз, Шумо будед, ки фазои ороми ватан ва суботи ҷомеа барқарор гардида, ояндаи неки фарзандонамон таъмин гашт. Сулҳи тоҷикон ба ҷаҳониён намунаи ибрат шуд, ки меъмори он Шумо ҳастед. 
        Ба хусус, мардуми шарифи ноҳияи  Роштқалъа аз рӯзҳои аввали ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданатонро фаромӯш накардаанд. Дар он рӯзҳои басо сангин Шумо нахустсафаратонро ба ин диёри мардуми бофарҳанг оғоз намудед ва мардумро ба ояндаи нек дилпур кардед. 
Дар тани ин мардуми кӯҳсор ҷон дамид, бовар кард ва бо ҳидояти Шумо ба зиндагӣ бо умед назар карда, бо сиёсати хирадмандонаатон ба зиндагии осоишта оғоз кард. 
      Вале, ташрифе, ки рӯзҳои наздик ба ин диёри бофарҳангу шоирхез намудед, дар саҳифаи таърих бо хатҳои зарҳалин сабт гардид. 
       Ин гузоштани санги асос ба оғози боз як иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоии натанҳо мардуми Шоҳдара, балки вилоят Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” мебошад. 
     Ин хизмати падаронаи Шуморо, ҳамчун роҳбари хирадманд ва пешвои бузурги мардум дар баробари дигар ҳамватанонам, ман то ҷон дар рамақ дорам, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. 
     Чунки мушкилиҳои мардуми ноҳияи Роштқалъаро аз ҳама зиёд дар солҳои 1993-2007 ман бештар ҳис мекардам. Ҳамагӣ дар як шабонарӯз танҳо 3-4 соат барқ дошту халос.  
          Банда он солҳо, ки вакил аз ҳавзаи интихоботии №48 “Шикуш” ноҳияи Роштқалъа дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят будам, шароити ин мардумро аз танқисии барқ хуб эҳсос кардаам. 
Дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати дуюм аз 24-уми апрели соли 2004 ман бо дархост муроҷиат кардам, ки барои осон гардидани мушкилоти мардуми ин ноҳия бо хароҷоти на он қадар зиёд дар минтақаи Себзор як неругоҳи  барқии обӣ сохтан лозим аст. Раиси онвақтаи вилоят Алимамад Ниёзмамадов ин дархостро ҷонибдорӣ кард. 
      Вақте, ки 28 сентябри соли 2005 бо Қарори маҷлиси вакилони халқи вилоят “Барномаи рушди иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2005-2015” тасдиқ шуд, дар он сохтмони неругоҳи обии барқии “Себзор” бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ низ дароварда шуд. Баъдан ин барнома бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 бо рақами 289 бо имзои Шумо ба тасвиб расид. 
      Оид ба ҷараёни иҷрои ин барнома вазорату идораҳо ҳар сол бояд ахборот пешниҳод мекарданд. Лекин чанд муддат дар хусуси ин неругоҳ сухан ҳам намерафт. Агар назорат ва супориши қатъии Шумо, Ҷаноби Олӣ доир ба сохтмони нерӯгоҳи барқии обии “Себзор” намебуд, шояд он дар ҷояш сохта намешуд. Зеро, ки мухолифону муқобилон низ зиёд буданд. 
       Шахсан ман ба иродаи қавиатон боварӣ доштам, ки ин орзуи мо ҷомаи амал мепӯшад. Чанд бор дар вохӯриҳо бо фаъолони вилоят, Маҷлисҳои Ҳукуматӣ ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси асосноккунии пурраи техникиву иқтисодии лоҳияи сохтмони НОБ-и “Себзор” супоришҳои қатъӣ дода будед. 
       Ва инак дар Рӯзи фирӯз 29 июли соли 2015 бо дастони пурсаховати худ Ҷаноби Олӣ, Шумо санги асоси сохтмони Нерӯгоҳи обии барқии “Себзор”-ро гузоштед. Он рӯз дур нест, ки бо дастони пурсаховату чеҳраи пурнуратон тугмаи ин неругоҳро пахш мекунеду ба хонадони мардуми шарафманди Шоҳдара равшанӣ, нури муҳаббати хешро ҳадя мекунед. Эътимоди комил дорам, ки ин ори деринаи мо дар муддати начандон тулонӣ амалӣ хоҳад гашт. 
      Бо ба истифода додани неругоҳи обии барқии “Себзор”  Бадахшон пурра аз бунбасти энергетикӣ баромада, соҳаҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои хусусӣ бо истифода аз нерӯи барқ рушду нумӯъ меёбанд. 
       Барои кӯҳистон ду чиз чун обу ҳаво заруранд. Инҳо барқ ва роҳ мебошанд, ки Шумо аз рӯзи нахустини сарвариатон онро хуб дарк намудед ва дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ ба комёбиҳо шарафёб гаштед. 
       Мо, мардуми шарафманди Бадахшон аз он ифтихормандем, ки дар тӯли даҳ соли охир симои он куллан ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт. Чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
        Гарчанде Шумо асри XXI-ро асри Бадахшон гуфтед, иншоолоҳ он дар тӯли даҳ соли оянда ба дарвозаи тиллоӣ табдил меёбад. 
      Аз ин рӯ, хурду бузурги мардуми шарифи Бадахшон, аз ҷумла Роштқалъа дар ҳаққи сарвари бузурги худ, ки шабу рӯз бо корҳои созандагиву ободонии Ватан, зиндагии шоистаи мардум, фазои Ваҳдату сулҳ ҷонбозиҳо мекунад, шукргузорӣ намуда, дар ҳаққи Шумо дуои хайр мекунанд ва ба Худо илтиҷо доранд, ки ҳамеша соябони мардуми бофарҳанги худ бошед. 
      Ман ҳам ба дуои пирони кӯҳистон, ки ҳамеша дар ҳаққи беҳтарин фарзандонаш мегуфтанд ва он ба даргоҳи парвардигори олам мустаҷоб мегашт, шарик гашта, мегӯям, эй марди соҳибдилу соҳибназар аз тамоми офату газанди замона дур бошед ва дар пешониатон нури илоҳӣ таҷалло, дар коратон ҳамеша хайру баракат ҳукмфармо бошад. Омин! 
      Бо камоли эҳтиром ва сипоси беандоза, Шоҳтолиби Шоҳқосим, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
шаҳри Хоруғ . 03.08.2015.
shohtolib@mail.ru

Август 6, 2015 04:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид
БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад
Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид