Спартакиада барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа

Август 10, 2015 05:56

Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бахшида ба 22-солагии таъсисёбиии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни хизматчиёни ҳарбӣ аз 4-ум то 12-уми августи соли 2015 спартакиада барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа доир гашта истодааст.
Спартакидаи мазкур дар пойгоҳи қисми ҳарбии 07033-и Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар байни афсарону сарбозони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъҳои қӯшун, Донишкадаи ҳарбӣ, сохторҳои қудратии мамлакат, Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия ва Контингенти ҳарбии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
Иштирокчиёни мусобиқа аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар байни  ҳам қувваозмоӣ намуда, ҳар яке дар навбати худ кӯшиш менамояд, ки ба пирӯзӣ ноил гарданд. Афсарон ва сарбозон аз рӯйи намудҳои варзишии валейбол, футбол ва тенисси рӯи миз, ва гуштини миллӣ байни ҳамдигар сабқат намуда истодаанд.
Тавре ки аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар назар аст, ки ғолибон ва дастаҳое, ки ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, аз тарафи Клуби марказии варзишии артиш бо медалу ифтихорномаҳои хотиравӣ сарфароз гарданд. 

 

Август 10, 2015 05:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад