Суғд: Ба истифодадиҳии ағбаи Оббурдон пас аз таъмир
Суғд, 06.08.2015 (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Пас аз таъмири ҷорӣ роҳи автомобилгарди Кӯҳистони Мастчоҳ-Ғончӣ, ки тавассути ағбаи Оббурдон мегузараду аксари сокинони ин ду ноҳия бо ин роҳ рафту омад доранд, ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.
Роҳи ағбаи Оббурдон, ки аз солҳои 80-уми асри гузашта то кунун мавриди истифода қарор дорад, дар маҷмӯъ 50 км буда, ҳолати он солҳои ахир хеле хароб гардида, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт хатарнок шуда буд. Аз ин лиҳоз бо мақсади осон намудани мушкилоти рафту омади сокинони ноҳияҳои мазкур роҳи ағбаи Оббурдон бо дасгирии раиси вилояти Суғд аз таъмир бароварда шуд. Баъд аз таъмир роҳ 100 км наздик шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






