Сухтор хонаро ба коми оташ фурӯ бурд

Август 27, 2015 06:15

Душанбе, 27.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки дирӯз 26 август дар ҳавлии истиқоматии марди 29-солаи сокини шаҳри Конибодом, дар масоҳати 20-метри  мураббаъ сухтор ба амал омада, боми хона ва молу ашёҳои рӯзгор сӯхта нобуд шудааст. Зарари расода 9200-сомониро ташкил медиҳад. 
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз, ҳавлии истиқоматии марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар масоҳати 20-метри мураббаъ оташ гирифта, боми хона ва молу ашёи зиёди рӯзгорро нобуд кардааст. Ба соеини хона 18000-сомони зарар расидааст. Сабаби сарзадани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дониста мешавад.

 

Август 27, 2015 06:15

Хабарҳои дигари ин бахш