Тағйироти кадрӣ дар Гвардияи Миллии Тоҷикистон
Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншудаи Гвардияи Миллии Тоҷикистонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре аён гардид, кадрҳои даъватшуда ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ҳайати фармондеҳии Гвардияи Миллӣ ва ҷузъутомҳои ин воҳиди муқтадири низомӣ таъин шудаанд.
Ҳамаи онҳо кадрҳои ҷавон ва дар айни замон хатмкардагони ду ва зиёда муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дорои таҷрибаи кофии раҳбарию сарварӣ мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, баланд бардоштани омодагии касбӣ ва низомии афсарон ва ҷузъутомҳои Гвардияи Миллӣ, пурзӯр намудани интизому тартибот, тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва ба тақвияти ҳисси масъулияти ватандорию давлатдорӣ, ҳифзи шоиста аз ҳар як порча сарзамини муқаддаси Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.
Таъкид гардид, ки ҳар яки мо бояд худро соҳибони масъули Ватан ва марзу буми бобоӣ эҳсос намуда, барои рушду нумӯи он ва ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон пайваста ҷаҳду талош намоем.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






