Таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим
Душанбе, 08.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Субҳи имрӯз, 8-уми август кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ташкилотҳои дохилӣ, мактабҳои варзишӣ, дӯстдорону алоқамандони варзиш, бо ҷалби васеи сокинон дар назди Кохи Ҷомӣ ҷамъ омада, марафони давро доир намуданд.
Ширкаткунандагони марафон аз назди Муҷассамаи асосогузори давлати тоҷикон Исмоилӣ Сомонӣ тавассути хиёбонӣ марказӣ то назди Театри опера ва балетаи ба номи С.Айнӣ давида, дар саҳни он машқҳои варзиширо анҷом доданд.
Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод, ки минбаъд ин иқдом бо мақсади густариши бештари варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар тамоми қаламрави мамлакат бо иштироки васеи сокинон доир карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






