Танкчиёни тоҷик дар мақоми сеюм
Душанбе, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар») .- Дар шаҳри Алабинои Федератсияи Русия мусобиқаи байналмилалии «Пойгаи танкӣ» дар доираи «Бозиҳои байналмилалии низомӣ — 2015» идома дорад. Пешсафи рӯзи аввали мусобиқаи мазкур дастаи Русия гардид, ки ҳамаи санҷишҳоро бо муваффақият паси сар кард. Дар ин бора ба хабарнигорон довари асосӣ генерал-майор Евгений Поплавский иттилоъ дод. Мақоми дуюмро танкчиёни серб ва мақоми сеюмро танкчиёни тоҷик соҳиб гаштанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқот се давра баргузор гардид, ки дар он дастаҳои Русия, Сербия, Тоҷикистон, Никарагуа, Венесуэла, Муғулистон ва Ангола ширкат доштанд.
Имрӯз низ се давра баргузор мегардад: дар даври аввал Арманистон, Ҳиндустон ва Чин, дар даври дуюм — Қазоқистон, Қирғизистон ва Қувайт, ва дар даври сеюм — Венесуэла, Никарагуа ва Сербия миёни ҳам рақобат мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқоти мазкур 39 даста аз 13 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






