Ташаккули маърифати оиладорӣ

Август 1, 2015 06:51

Хатлон, 01.08.2015. (АМИТ «Ховар», Анвари Неъмат).-Дар доираи  таҷлили Соли оила бо ташаббуси роҳбарияти  Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони «Ташаккули маърифати оиладорӣ-омили рушди устувори ҷомеъа»  конфронс гузаронида шуд. Дар ҷамъомад намояндагони занон, кормандони шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ходимони дин ва устодони таҷрибадор аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат доштанд. Иштирокдорон оид ба бузургии оила ва нақши он дар рушди ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон ва қадр кардани муқаддасоту арзишҳои инсонӣ ибрози ақида намуда, масъалаҳои муҳими рӯз, ба монанди шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, пешгирии хонавайронӣ ва дигар мушкилоти занонро  мавриди баррасӣ қарор доданд. Санавбар Самиева, раиси занони вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли равон дар вилояти Хатлон 13 ҳазору 525 тӯйи арусию домодӣ барпо шуда,  947 оила ҷудо гардидааст. Ҳарчанд дар қиёс бо соли гузашта дар ин шабу рӯз 89 ҳолати ҷудошавӣ  кам аст, аммо  масъалаи мазкур ташвишовар боқӣ мемонад. 
 
 

Август 1, 2015 06:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд