Ташкили 45 гурӯҳи таблиғотӣ дар самти ҷилавгирӣ аз фарҳанги ғайр

Август 25, 2015 06:30

Душанбе, 25,08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар самти ҷилавгирӣ аз фарҳанги бегона, гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳимояи афкори ҷомеа аз андешаҳои носолими иртиҷоӣ шаҳрдории Душанбе 45 гурӯҳи таблиғотиро дар пойтахт созмон дод. 
Хадаф аз такшили гурӯҳҳои мазкур ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти гиромидошт ва таҳкими волоияти қонун, густариши эҳсоси ватандӯстӣ арзёбӣ мегардад. Ба ҳайати гурӯҳҳои  таблиғотӣ олимону адибон, собиқадорон, донишмандон, ходимони ҷамъиятӣ ва дигар шахсиятҳои мӯътабар шомиланд. Гурӯҳҳои мазкур фаъолияти худро бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои  пойтахт аз 27 август шурӯъ менамоянд. Танҳо дар ноҳияи Сино, ки калонтарин ноҳияи пойтахт аст 15 гурӯҳ фаъолият намуда, дар дигар ноҳияҳои шаҳр 10 гурӯҳӣ корҳои таблиғотиро пеш  мебаранд.
Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарон ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотиро ба баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон дар роҳи пешгирии таъсиррасонии фарҳанг ва тафаккури бегонаву иртиҷоӣ дар ҷомеа ҳидоят намуд. Мавсуф таъкид кард, ки мулоқоту вохӯриҳоро мақсаднок роҳандозӣ намоянд, зеро яке аз сабабҳои гаравиши бархе аз қишрҳои ҷомеа ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ надоштани донишҳои динию дунявӣ, бетарафии ҷомеа ва волидайн аст, ки ҷавонон ба ваъдаҳои мубаллиғони тамоюлҳои тундрав бовар намуда, гумоштагони бетақдир ва қурбонии бозиҳои тарҳрезишудаи  геополитикӣ мегарданд.

Август 25, 2015 06:30

Хабарҳои дигари ин бахш

33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд