Туркманистон: 20 соли касб кардани мақоми бетарафӣ ва дастовардҳои он

Август 21, 2015 06:25

Душанбе, 21.05.2015. (АМИТ «Ховар»).- Туркманистон 27-уми октябри соли 1991 истиқлолияти давлатӣ ба даст овард ва аз 2-юми марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид мебошад.  16-уми декабри соли 1995 Туркманистон худро кишвари бетарафи доимӣ эълон кард. Вобаста ба ин Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти рақами 50/80 қарори алоҳида қабул кард, ки дар он омадааст: «Мақоми бетарафии доимии Туркманистон барои таҳкими сулҳ ва таъмини амният дар минтақа мусоидат хоҳад кард». Созмони Милали Муттаҳид бо қарори Ассамблеяи генералӣ ташаббус ва интихоби Туркманистонро барои гирифтани мақоми бетарафии доимӣ эътироф ва дастгирӣ кардааст, ки қабул шудани чунин қарор аз тарафи СММ дар давоми фаъолияти беш аз нимасраи он ҳодисаи бесобиқа мебошад. Қарори мазкури Ассамблеяи генералии СММ аз давлатҳои ҷаҳон даъват мекунад, ки мақоми бетарафии доимии Туркманистонро дастгирӣ карда, ба он арҷ гузоранд. Ба тарафдории Қарори Ассамблеяи генералии СММ дар хусуси мақоми бетарафии доимӣ гирифтани Туркманистон 185 мамлакат овоз додааст.
Соли равон дар кишвари Туркманистон бахшида ба 20 солагии гирифтани мақоми бетарафӣ маҷмӯи чорабиниҳо дар сатҳи давлатӣ баргузор мешаванд. Тавре ки расонаҳои иттилоотии Туркманистон хабар медиҳанд, аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон вобаста ба ин сана 98 конфронси байналмилалӣ, 15 брифинг, 49 чорабинии фарҳангӣ, ҷамъулҷамъ дар ҳудуди Туркманистон ва берун аз он 372 чорабинӣ баргузор шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 20 солагии гирифтани мақоми бетарафӣ моҳи декабри соли равон дар пойтахти кишвар Ашхобод баргузор мешавад.
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов изҳор кардааст, ки Туркманистон минбаъд низ сиёсати хориҷии худро дар асоси бетарафии мусбат ва ҳамкории байналмилалии созанда ба роҳ мемонад. Туркманистон ҳамкории самараноки дуҷониба ва бисёрҷонибаро инкишоф дода, тавассути созмонҳои байналмилалӣ дар пешниҳоди муназзами қарорҳо оид ба ҳалли мушкилоти замони муосир фаъолона иштирок мекунад. 
Гирифтани мақоми бетарафӣ ба Туркманистон имкон дод, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ муваффақ шавад. Кишвари Туркманистон аз ҷануб бо Афғонистон ва Эрон ва аз шимол бо Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамсарҳад буда, марзҳои он дар ғарб то ба баҳри Хазар мерасад. Аз ҷиҳати захираҳои газ Туркманистон дар ҷаҳон мақоми чорумро ишғол карда, дар ин мамлакат дуввумин бузургтарин чоҳи истихроҷи газ дар ҷаҳон ҷойгир мебошад.
Роҳи оҳан аз муҳимтарин ва асоситарин воситаҳои ҳамлу нақл дар Туркманистон дониста мешавад. Бори нахуст роҳи оҳан ба ин кишвар ҳанӯз соли 1880 кашида шудааст. Мувофиқи маълумоти мавҷуда ҳоло роҳҳои оҳани Туркманистон 4250 километрро ташкил мекунанд, ки 1700 км. он дар солҳои соҳибистиқлолӣ бунёд шудаанд. Туркманистон дар давраи соҳибистиқлолӣ роҳи оҳани «Таҷан-Сарас-Машҳад» ва «Туркманобод-Атамурод»-ро бунёд карда, соли 2006-ум бо маблағҳои худӣ роҳи оҳани «Ашхобод-Қарақум-Ташоуз» (Трансқарақум)-ро бо дарозии 540 км. ба истифода дод. Ҳамин тавр Туркманистон тавассути роҳи оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон бо кишварҳои минтақа алоқаи мустақим пайдо кард.
Ҳоло Туркманистон захира ва имкониятҳои худро барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд ба истифода додани роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ва анҷом додани шохаи роҳи оҳани «Экрем-Мадав» дар қисмати ғарбии Туркманистон сафарбар кардааст. Таваҷҷуҳи хоса ба бунёди роҳи Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон дода шудааст, зеро ин лоиҳа дар баробари аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар будан, ҳамчунин барои пойдор шудани сулҳу субот ва амну низом дар кишвари Афғонистон мусоидат мекунад. Ин роҳ ба раванди ҳамроҳшавии Афғонистон ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳангоми сафари худ ба Туркманистон, ки ибтидои соли равон сурат гирифта буд, бо назардошти авҷ бахшидан ба корҳои сохтмонии роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон изҳор кард: «Мо бесаброна мунтазири дар амал татбиқ шудани лоиҳаҳои муштараки мутақобил ҳастем». 
Туркманистон ният дорад, ки дар даҳсолаи наздик ба воситаи роҳҳои автомобилӣ ва оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва баҳрӣ бо кишварҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Уммон робитаи мустақим пайдо кунад. Роҳҳои оҳан хатсайрҳои байналмилалиро аз шимол ба ҷануб ва аз шарқ ба ғарби Туркманистон пайванд месозанд.
Ба ибораи дигар, Туркманистон дар даҳсолаи наздик ба кишваре мубаддал мегардад, ки кишварҳои Осиёи Марказиро ба мамлакатҳои Шарқи Наздик пайванд месозад. Мавриди таъкид аст, ки яке аз омилҳои аслии расидани Туркманистон ба ин ҳадаф интихоби мақоми бетарафии доимӣ ва эълони сиёсати дарҳои боз мебошад.
Туркманистон, ки тибқи Конститутсия давлати дунявӣ мебошад, бо амалӣ кардани лоиҳаҳои муштараку мутақобилаи иқтисодӣ метавонад пеши роҳи сар задани ноамниҳоро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ворид шудани унсурҳои ифротӣ ва харобиоварро ба минтақа бигирад.

  

 

 

Август 21, 2015 06:25

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад