Вакили Парлумони Аврупо: Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти Тоҷикистон

Август 22, 2015 11:04

Ҳерберт Дофман, узви Парлумони Аврупо аз ҳизби халқии Тироли ҷанубии Италия, роҳбари шўрои Ҳизби халқии Аврупо, инчунин роҳбари Гўруҳи дўстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон.

Бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 22.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Эмомалӣ Раҳмон дар замоне Сарвари давлат интихоб гардид, ки Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронд. Ҷанги хунини шаҳрвандӣ харобиҳои зиёди моддӣ ва талафоти инсонӣ оварда, ба якпорчагии кишвар ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид карда буд. Ҷаноби Раҳмон кишварро аз хатари ҳалокат наҷот дода, мардумро сарҷамъ ва ҳазорон гурезагонро ба ватан баргардонд.
    Иқдомоти анҷомдодашуда бо мақсади пешгирии парокандагии давлати тоҷикон, хомӯш намудани шӯълаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, хотима додан ба фалаҷшавии дастгоҳи давлатӣ, алалхусус дар сохторҳои тартиботи ҳуқуқӣ, таъсиси қувваҳои мусаллаҳ ва марзбонӣ, таъмини шароит барои таҳкими давлат ва ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин барои таъмини сулҳ ва баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ равона шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон заминаи боэътимодро барои бунёди як ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули Сарқонуни нав (Қонуни асосӣ) барои кишвар, таъсиси шароити ҳуқуқӣ барои парлумони бисёрҳизбии демократӣ, заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ барои имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 гузоштааст. Таҷрибаи тоҷикон дар дастёбӣ ба истиқрори сулҳ ва расидан ба оштии миллӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид муҳим арзёбӣ шуда, метавонад ҳамчун намунаи ҳалли дигар низоъҳои миллӣ истифода шавад. Шароити лозима барои эҳёи миллӣ, бунёдкорӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ ва нобуд кардани хатари камғизоӣ фароҳам оварда шуд. Дар як муддати кӯтоҳ, қарорҳои сиёсӣ ба воқеият табдил дода шуданд ва дар натиҷа сохтмони васеи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ, истеҳсолӣ ва фарҳангӣ, сохтмони «Шоҳроҳи Ваҳдат» ба роҳ монда шуд, ки пайванди ҳамаи қисмҳои кишварро бо дигар шоҳроҳҳо дар тамоми фаслҳои сол таъмин намуда, барои пайдо кардани иртиботи бевосита тариқи баҳр ва рушди муносибатҳо бо кишварҳои дуру наздик мусоидат хоҳад кард.
    Тадбирҳо барои таҳкими нуфузи сиёсии кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ андешида шуданд. Дар айни замон, зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кардааст. Тоҷикистон барои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд ва гуногунарса бо кишварҳои сершумор ва созмонҳои байналмилалӣ фаъолона кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Дар ин росто, равобити зудрушдёбандаи миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, кӯмаки башардӯстона ва маорифу фарҳанг бояд махсус қайд кард. Муколамаи густурда миёни Брюссел ва Душанбе дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла миёни Парлумони Аврупо ва Парлумони Тоҷикистон ба ин омил мусоидат менамояд. Ҳадаф аз таъсиси Гурӯҳи дӯстии Парлумони Аврупо — Тоҷикистон, ки ман бо шарафмандӣ роҳбарии онро ба ӯҳда дорам, ин густариши муколамаи зикргардида дар якҷоягӣ бо Намояндагии Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел мебошад.
    Таъсиси заминаи ҳуқуқии муосир барои иқтисоди бозаргонӣ ва фароҳам овардани шароити муфид барои сармоягузорӣ дар кишвар, дар якҷоягӣ бо аъзогии он дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, бояд ба афзоиши босуръати муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории кишвар бо олами беруна мусоидат намояд.
    Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мавқеи байналмилалӣ ва эътибори Тоҷикистон барои даст ёфтан ба ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми бузург гузоштааст. Тоҷикистон борҳо Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун форуми мусоид ҷиҳати ҷалб намудани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо ба мушкилоти худ, балки ба масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, нобаробариҳои рушд дар байни кишварҳо ва таъмини оби тоза ба аҳолии ҷаҳон истифода намудааст. Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза,  солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи »Об барои ҳаёт» ва соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намудааст. Айни замон, аксарияти вохӯриҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар чаҳорчӯбаи ин даҳсола сурат гирифта, ташаббуси Президент дар маҷмӯъ барои аҳолии Тоҷикистон мояи ифтихор аст.
    Маҳз ба шарофати талошҳои пайдарпайи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз як фоҷиаи миллӣ амон ёфта, тавонист истиқлолияти худро дар охири асри 20 таҳким диҳад ва ба туфайли он мардуми тоҷик пас аз ҳазор сол дар ҷодаи эҳёи миллӣ, ояндаи шукуфон ва худтаъминкунӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Мо, ҳамчун гурӯҳи дӯстони Тоҷикистон дар Парлумони Аврупо, дар навбати худ ҷиҳати расонидани мусоидати ҳамаҷониба ба мардуми Тоҷикистон барои даст ёфтан ба ҳадафҳои наҷибашон омодаем.

Ҳерберт Дорфман
Вакили Парлумони Аврупо
Раиси Гурӯҳи дӯстии Парлумони Аврупо ва Тоҷикистон
шаҳри Брюссел

Рӯзномаи “The Brussels Times”
http://www.brusselstimes.com/opinion/3917/emomali-rahmon-and-the-independence-of-tajikistan

Август 22, 2015 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад