Варзишгарон барои иштирок ба Бозиҳои олимпии Бразилия 2016 омодаанд? Ҷавоби роҳбарони КМО ва КҶВС
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар давраи бозомӯзии хабарнигорони варзишии Тоҷикистон, ки рӯзи 8 август, дар шаҳри Душанбе дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) баргузор шуд, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар Баҳрулло Раҷабалиев бо хабарнигорони соҳаи варзиш мулоқот карда, ба суолҳои онҳо дар робита ба омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия посухҳои мушахас доданд.
Аҳтам Абдуллозода ба хабарнигорон иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо таҳия ва тасдиқ кард.
Ба иттилои Аҳтам Абдуллозода мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сарфароз мешаванд. Варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медалҳои нуқра мегиранд, бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Ба варзишгароне, ки соҳибони медалҳои биринҷии олимпӣ мешаванд, 150 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар ин қарор, инчунин, ҳаҷми маблағи мукофотпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷаҳониву қитъавӣ муқаррар шудааст. Мувофиқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Баҳрулло Раҷабалиев ба хабарнигорон гуфт, «15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXI тобистонаи олимпии соли 2016 мушарраф шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳи давраи бозомӯзӣ, гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои худ иттилоъ дода, гуфт, дар ҳоли ҳозир ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 24-30 август дар Чин баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Мақсад дорад, дар сабқати ҷаҳонии зӯртарин гурзандозҳои олам натиҷаи баланд ба даст орад.
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров ҳолор аз нахустин варзишгарони тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Барои роҳхатҳои олимпӣ варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо WTF мубориза мебаранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






