Зиёд шудани комбайнҳои ғалладарав
Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи маълумоти фаврии Шуъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ воридоти техникаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳафт моҳи соли равон ба 1076 адад расид, ки аз ин миқдор 299 адади онро тракторҳо ташкил мекунад.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. дар ҳафт моҳи сипаришуда, ба ҷумҳурӣ 20 адад комбайнҳои ғалладарав воридот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 адад зиёд мебошад.
Инчунин, 32 адад тойбанд-тагрезчин, 16 адад комбайни алафдаравии худгард, 23 адад култиватори тракторӣ, 7 адад картошкашинонак, 10 адад картошкаканак, 86 адад ядакҳо, 82 адад испор, 83 адад достҳои тракторӣ, 32 адад тухмипошаки кишти дақиқ ва 14 адад чизел-култиватор дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






