35 ифротгаро дар вилояти Нангарҳор нобуд карда шуд

Сентябрь 28, 2015 11:19

Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Беш аз 300 силоҳбадасти ифротгаро ба дидбонгоҳҳои кормандони моқомоти полиси вилояти Нангарҳори Афғонистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд. 
Дар натиҷа миёни ҳамлагарон ва кормандони воҳидҳои низомӣ даргирӣ сурат гирифта, беш аз 35 мухолифи мусаллаҳ безарар гардонида шуд. 
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ чанде қабл дар ин минтақа дар ҷараёни амалиёти вижаи неруҳои хориҷӣ 50 террорист маҳв карда шуд. 

Сентябрь 28, 2015 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш