5 нафар ба даври дуюми озмуни «Пиёдагарди намунавӣ» роҳ ёфтанд

Сентябрь 4, 2015 04:05

Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарӣ, таблиғи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бехатар идора кардани воситаи нақлиёт, пешгирии садамаҳо дар роҳҳои мошингард, баланд бардоштани маданият ва маърифати ронандагону пиёдагардон ва муайян кардани «Пиёдагарди намунавӣ»  ва «Ронандаи намунавӣ» озмун баргузор намуд. Марҳалаи аввали озмун дирӯз оғоз гардида, натиҷаи озмун рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ эълон мегардад.
Тавре аз ВКД ҶТ иттилоъ дода шуд, чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, аъзоёни дастаи Нозирони наврас — хонандагони мактаби рақами 42 дар ҷойҳои сераҳолӣ ва роҳҳои мошингарди шиддатнокии  баланд гузаронида шуд. 
5 нафар ҳамчун пиёдагарди намунавӣ барои иштирок кардан дар даври дуюми озмун, ки 7 сентябри соли равон дар пойгоҳи автомобилии маҳаллаи «Обшорон»-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор мегардад, интихоб шуданд. 

 

Сентябрь 4, 2015 04:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд