Абдуллои Раҳнамо: «Ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои ифротии динӣ хиёнат ба Ватан мебошад»
Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар»). Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо бо як савол муроҷиат кард, ки «Барои чӣ пайвастан ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» хиёнат ба Ватан дониста мешавад?
Абдуллои Раҳнамо чунин ҷавоб дод: «Гурӯҳҳои ифротгарои муосири динӣ гурӯҳҳое мебошанд, ки назария ва усулҳои мушаххас дошта, тибқи онҳо амал мекунанд. Мехостам аввал дар бораи гурӯҳҳои ифротгарои динӣ як нуктаи муҳимро шарҳ диҳам, ки шояд калимаи «динӣ» зеҳни аксариятро фиреб медиҳад. Вале агар моҳияти гурӯҳҳои ифротгарои диниро таҳлил кунем, мебинем, ки онҳо дар асл ҷамъият ва ё иттиҳодияҳои динӣ нестанд, балки гурӯҳҳои сиёсиву идеологии ниманизомие ҳастанд, ки динро ҳамчун унсур дар муборизаи қудратӣ ва манфиатии худ истифода мекунанд. Ана ҳамин ҳолат барои мо бояд равшан бошад, зеро гоҳҳо ҷавонон, баъзе ашхоси алоҳида гумон мекунанд, ки гап дар бораи гурӯҳҳои динӣ меравад. Ҳол он ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоту иттиҳодияҳои диние, ки воқеан моҳияти динӣ ва моҳияти эътиқодӣ доранд, ба таври озодона фаъолият мекунанд. Ҳоло дар кишварамон ҳудуди 4 ҳазор масҷид, ки иттиҳодияи динии мусулмонон ҳисоб мешаванд ва зиёда аз 80 иттиҳодияи динии ғайримусулмонӣ фаъолият мекунанд. Яъне, қонунгузорӣ иҷозат медиҳад, ки ташкилоти динӣ озодона фаъолияти худро пеш барад.
Аммо гурӯҳҳои ифротии динӣ моҳиятан ташкилоти динӣ нестанд. Инҳо ташкилоти низомӣ-идеологии сиёсӣ ҳастанд, ки на бо ҳадафи нашр ва қадршиносии арзишҳои динӣ, балки маҳз бо ҳадафи касби қудрат, барқарор кардани як навъи хоси низоми сиёсӣ ва истифода аз сарчашмаҳои моддиву иқтисодӣ ва инсонии як ҷомеа фаъолият мекунанд. Барои ҳамин бархурд ба онҳо ҳамчун ба гурӯҳҳои низомиву сиёсӣ-идеологӣ сурат мегирад, на ҳамчун ба иттиҳодияи динӣ. Вақте аз ҳамин нукта таҳлил кунем, пас мебинем, ки пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгарои динии муосир хиёнат ба давлат, ба Ватан ва ба миллати хеш мебошад, зеро тибқи низомнома, ақида ва маводи таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ҳеҷ як давлати мусулмоннишин наметавонад ба таври мустақил вуҷуд дошта бошад. Дар низомномаи онҳо таъкид мешавад, ки давлатҳои мусулмоннишин ҳамчун давлатҳои мустақил бояд аз байн бурда шуда, мисли ноҳияҳои хурду гумноми хилофати онҳо арзи ҳастӣ дошта бошанд. Ин чӣ маъно дорад? Омадани ин гурӯҳҳо маънои аз байн рафтани давлати Тоҷикистонро дорад, зеро дар харитаи сиёсии тартибдодаи ин гурӯҳ, ки дар интернет паҳн шудааст, ягон ному нишон аз давлати мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо фақат як арзиши сиёсӣ нест, балки арзиши ҳаётист, зеро муборизаҳои садсолаҳои миллати тоҷик ба ҳамин натиҷа овард, ки давлати мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Бинобар ҳамин ин истиқлолият барои мо ҳамчун арзиши таърихӣ, ҳаётӣ, миллӣ ва фарҳангӣ бисёр муҳим аст. Гурӯҳҳои ифротӣ маҳз ба ҳамин муқаддасоти рақами аввали миллати тоҷик чашм дӯхтаанд ва ҳадаф доранд, ки онро аз байн баранд ва ба ноҳияи хурду гумноми як хилофат табдил диҳанд. Бояд гуфт, ки аз назари моҳияти фарҳангӣ ифротгарии навине, ки аз Ховари Миёна бархостааст, ба миллигароии ифротии арабӣ пайванди қавӣ дорад. Барои ҳамин дар таълимоти онҳо фарҳанги ориёӣ, забони форсӣ, арзишҳои эронитаборон, ҳатто номҳову шахсиятҳои ориёитаборон барои онҳо нафратовар аст. Вақте онҳо ба сарзамини мо ворид шаванд, ин фарҳанг, ин арзишҳо, ин тамаддуне, ки аз сарчашмаҳои ориёӣ об мехӯранд, ба назари онҳо манфур буда, бояд несту нобуд карда шаванд. Ба ёд биёред, ки аввалин паёмҳои онҳо, ки ба кишвари мо ворид шуданд, аз ин иборат буд, ки баъзе рӯҳониёни маҳаллӣ пешниҳод карда буданд, ки номҳои форсии ноби миллӣ мисли Рустаму Суҳроб, Сиёвушу Исфандиёр аз байн бурда шаванд. Дар замони Паёмбари ислом (с.а.в) чунин ифрот ҳаргиз вуҷуд надошт. Вақте Салмони Форс исломро қабул кард, Паёмбари ислом (с.а.в) ҳаргиз ба ӯ нагуфт, ки номатро иваз кун. Вале имрӯз мебинем, ки ҷавонони тоҷик вақте ба гурӯҳҳои террористӣ ҳамроҳ мешаванд, номҳояшонро иваз карда, ба худ номи Абухолиду Абӯҳамзаву монанди ин номҳои арабӣ мегиранд ва аз баҳри номҳои тоҷикии худ мегузаранд…
Вақте гурӯҳҳои ифротӣ дар барномаи худ нобудшавии кишвари моро ҳадафи ниҳоӣ қарор дода ва нобуд кардани фарҳанги миллии моро дар барномаи худ ҷой додаанд ва дар чунин ҳолат як тоҷик рафта, дар сафи чунин гурӯҳҳои ифротӣ қарор мегирад, пас он тоҷик ба ҳадафу мақсадҳои ба муқобили миллати тоҷику давлати Тоҷикистон равонашуда ҳамроҳ мешавад. Дар сафи онҳо истода, барои нобудии ин давлат, ин фарҳанг ва ин миллат меҷангад. Вақте гурӯҳҳои ифротии динӣ расман эълон доштанд, ки мо мустақилияти давлати мусулмоннишинро қабул надорем ва намегузорем, ки чунин давлати мустақил бошад, пас, ҳамроҳшавии ҷавонони тоҷик ба сафи гурӯҳи ифротии зиддимиллӣ ва зиддидавлатӣ хиёнат ба миллат ва давлати худ мебошад».
Мусоҳиб А.Ҳаитов








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






