Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ дар Минск
Душанбе, 04.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Рӯзҳои 2-юм ва 3-юми сентябри соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ, рафти амалисозии барномаҳои байнидавлатӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардид.
Инчунин дар рафти мулоқот дар атрофи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкории кишварҳои ИДМ дар мубориза бо ҷиноятҳо дар самти технологияи иттилоотӣ, маҷмӯи чорабиниҳо вобаста ба муккамалнамоии ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар муқобилият ба дуздии воситаҳои нақлиётӣ, тасдиқи дастурамал дар бораи тартиби фаъолияти махзани махсусгардонидашудаи дорои маълумотҳои Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфноки (БКБОП) ИДМ низ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






