Ҳамкории занон бо Бонки Осиёгии Рушд
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсози миллии масоили гендерӣ дар кишвар дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёгии Рушд (БОР) дар доираи лоиҳаи CARREC- 3 (G0245), бо мақсади дастгирии заноне, ки дар атрофи шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода зиндагӣ мекунанд, маблағҳои грантӣ ҷудо намуданд.
Дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзо расидани шартномаҳои грантӣ баргузор гардид, ки дар он 137- нафар занон ба гирифтани грант муяссар гардиданд. Ҳаҷми грантҳо аз 7 то 40 ҳазор сомониро ташкил медод.
Комиссияи грантӣ ба он лоиҳаҳое, ки дар онҳо занон аз оилаҳои осебпазир, муҳоҷир, занони танҳо ва заноне, ки дар лоиҳаҳои гурӯҳӣ дар ҳамбастагӣ фаъолияти соҳибкориро пеш мебаранд, афзалият дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






