Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Сентябрь 3, 2015 02:51

Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрўзҳо, дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили  ғалладона муташаккилона идома дарад.
 Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 324194 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст, ки  287499 гектари он даравида ва 283305 гектари он кӯфта шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35327 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо  765816 тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81357 тонна афзун аст  ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 27,0 сентнериро ташкил медиҳад.
Кишоварзони вилояти Хатлон имсол дар майдони 143337 гектар кишти ғалладона гузарониданд. 
Дар айни замон майдони 140615 гектари он даравида шудааст, ки  98,1 фоизроташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ  463350 тоннаро ташкил дода, дар муқоиса ба соли гузашта 27347 тонна бештар аст. Майдони 138617 гектари он куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5711 гектар зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 33,4 сентнериро ташкил медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Дар вилояти Суғд дар майдони 112765 гектар кишти ғалладона гузаронида шудааст ва майдони 92287 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳосили умумӣ  164657 тоннаро ташкил дода, дар нисбати соли гузашта 55028 тонна зиёд мебошад. Ҳолсилнокӣ аз ҳар як гектар 17,9 сентнериро ташкил медиҳад.

 

Сентябрь 3, 2015 02:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид