Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо
Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрўзҳо, дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ғалладона муташаккилона идома дарад.
Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 324194 гектар кишти зироатҳои ғалладона гузаронида шудааст, ки 287499 гектари он даравида ва 283305 гектари он кӯфта шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35327 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо 765816 тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81357 тонна афзун аст ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 27,0 сентнериро ташкил медиҳад.
Кишоварзони вилояти Хатлон имсол дар майдони 143337 гектар кишти ғалладона гузарониданд.
Дар айни замон майдони 140615 гектари он даравида шудааст, ки 98,1 фоизроташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 463350 тоннаро ташкил дода, дар муқоиса ба соли гузашта 27347 тонна бештар аст. Майдони 138617 гектари он куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5711 гектар зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 33,4 сентнериро ташкил медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Дар вилояти Суғд дар майдони 112765 гектар кишти ғалладона гузаронида шудааст ва майдони 92287 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳосили умумӣ 164657 тоннаро ташкил дода, дар нисбати соли гузашта 55028 тонна зиёд мебошад. Ҳолсилнокӣ аз ҳар як гектар 17,9 сентнериро ташкил медиҳад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






