Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад
Ҳамватанони азиз!
Ҷавонони бонангу ори тоҷик!
Мо ҷавонони ноҳияи Файзобод, ки қисми зиёдамон зодаву парвардаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизи худем, бо шукронаи зиёд аз файзу баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати созандаву ободонии диёр машғулем. Имрўз касе наметавонад инкор кунад, ки маҳз ҳамин файзу баракати истиқлол, сиёсати созандаву сулҳҷўёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус таваҷҷуҳу ғамхориҳои Президенти мамлакат ва эътимоди ў ба ҷавонон боис гардидааст, ки кишварам он сол то сол ободу зеботар гардида, сатҳи зиндагии сокинони кишвар ҳамарўза боло меравад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамасола бунёд гардидани садҳо иншооти замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангию варзишӣ, соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар мебошад.
Мутаасифона ба ин пешравиҳо нигоҳ накарда, ҳанўз ҳам дар кишвар нотавонбинону муғризоне аз худ дарак медиҳанд, ки барояшон ҳувияти миллӣ, садоқату ватанпарастӣ, тинҷию оромӣ, пешрафту шукуфоӣ барин неъматҳо бегона буда, гирифтори дарди бедавои худпарастианд.
Амали ноҷавонмардонаи Назарзода Абдуҳалим (ҳоҷӣ Ҳалим), ки далели равшани нотавонбинию хиёнат ба миллату Ватан аст, мо ҷавонони меҳнатқарину шукргузори Файзободро ниҳоят мушаввашу ошуфта гардонид. Ҷавонони ноҳия баробари шунидани хабари хиёнати Назарзода ва ҳаммаслакони ў якдилона ин амали ноҷавонмардонаи онҳоро маҳкум намуда, омода будани хешро ба мубориза зидди ҳама гуна зуҳуроти хиёнаткоронаи ҳасудону душманони миллату Ватан изҳор намуданд.
Мутаасифона яке аз аввалин қурбониҳои ин амали нангину нобахшиданӣ ду нафар ҷавонони ноҳияи мо-кормандони ниҳодҳои вазорати корҳои дохилаи мамлакат афсарон Пиров Исмоил Искандарович ва Орипов Раҷабмурод Достович буданд, ки дар айни шукуфтанҳо дар мубориза бо ин хиёнаткорон ҷон супориданд.
Мо ҷавонони ноҳияи Файзобод амалҳои ноҷавонмардона ва хиёнаткоронаи хоини миллат Назарзода Абдуҳалимро сахт маҳкум намуда, ҳамватанони азизро барои бетараф набудан дар ҷодаи ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва таҳкими якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва мусоидат ба рӯзгори осудаҳолонаи сокинони кишвар даъват менамоем.
Мо ҷавонони ноҳия чун тамоми сокинони бонангу ори ҷумҳурӣ ҳамеша дар атрофи сиёсати созандаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои ноҷавонмардонаи хоинону душманони миллат кӯшиш ба харҷ хоҳем дод ва аминем, ки дар наздиктарин фурсатҳо ин хоинони миллат ба шикаст дучор омада, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод, зеро чи тавре Сайидои бузург мефармояд:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Ҷавонони ноҳияи Файзобод








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






