Барқияи табрикии Питер Косгроув ба Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).
Ҷаноби Олӣ,
Иҷозат диҳед, ба муносибати Ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон шахсан аз номи худам, Ҳукумат ва мардуми Австралия самимонатарин таманниётро иброз намоям.
Австралия муносиботи худро бо Тоҷикистон қадрдонӣ намуда, ба тақвияти минбаъдаи робитаҳои дуҷониба умед дорад. Австралия нияти қатъӣ дорад, ки дар оянда бо Тоҷикистон ҳамкории хешро оид ба ҳалли масоили дорои манфиатҳои ҳарду кишвар, аз ҷумлаи рушди байналмилалӣ ва бехатарии минтақавӣ бо тартиби дуҷониба ва ҳамаҷониба ба роҳ монад.
Имсол ҳамчун соли мустаҳкам намудани муоширати байнишахсӣ дар риштаи варзиш арзёбӣ шудааст. Тимҳои мунтахаби миллии кишварҳоямон дар як гурӯҳи интихобии чемпионати ҷаҳон оид ба футболи соли 2018 қарор доранд, 8 сентябр бошад, дар Душанбе, барои фараҳмандии мухлисони тимҳои мо, мусобиқаи байни тимҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон дар назар аст. Аз қабули тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷавобӣ, ки соли оянда дар Австралия мегузарад, шод хоҳем буд.
Иҷозат диҳед, итминони худро иброз намоям, ки муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳоямон дар оянда низ ривоҷ хоҳанд ёфт.
Ҷаноби Олӣ, лутфан табрикоти шахсӣ ва эътимоди маро дар хусуси эҳтироми амиқ бипазиред.
Питер Косгроув, Генерал-губернатори Иттиҳоди Австралия








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






