Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Япония дар дидори Ҳ.Зарифӣ бо Я. Кае
Душанбе, 25.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- 17 сентябри соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳ. Зарифӣ бо Ноиб-президенти Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ (JICA) хонум Янагисава Кае баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ рочеъ ба вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дучониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, густариши муносибатҳои дуҷониба ва равандҳои муҳими ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди захираҳои башарӣ ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сафир ба хонум Кае Янагисава барои кумаку дастгирии пайваста барои Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори умед намуд, ки доираи ҳамкории ду кишвар дар оянда боз ҳам инкишоф хоҳад ёфт.
Ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва нақлиётӣ табодули афкор намуданд. Ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо ва оғози лоиҳаҳое, ки дар баррасии ҷониби японӣ мебошанд, миёни ҷонибҳо таъкид гардид. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё намудани Роҳи бузурги абрешим аз тариқи роҳи мошингард ва роҳи оҳан зикр гардид.
Мавзӯи зиёд намудани миқдори квотаи таълимӣ барои мутахассисони Тоҷикистон аз тариқи барномаи JDS миёни ҷонибҳо муҳокима гардид. Ташкил намудани семинару давраҳои омӯзишии мухталиф дар чаҳорчӯби Барномаи омӯзишии рушди захираҳои башарӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.
Хонум Кае Янагисава иброз намуд, ки Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ ҳамкории худро бо Тоҷикистон дар оянда густариш хоҳад дод. Илова гардид, ки JICA ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон дар робита ба паст кардани таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус таъсири мушкилоти иқтисодии баъзе аз кишварҳо, ки шарикони муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор мераванд, боз ҳам густариш хоҳад намуд.
Сафир таъкид намуд, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Япония дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба ин барқарорсозии Афғонистон мебошад. Дар ин росто таъкид гардид, ки бо истифода аз иқтидор ва имкониятҳое, ки дар Тоҷикистон мавҷуд мебошанд, ҷониби Япония метавонад дар барқаросозии Афғонистон аз тариқи амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ иштирок намояд.
18 сентябри соли ҷорӣ мулоқоти дигари Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафир Тошиҳиро Аики, намояндаи махсуси Япония оид ба Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба, самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд. Дар мулоқот инчунин масоили муҳими равобити дуҷониба ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Япония баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо инчунин дар мавзӯи Афғонистон табодули андеша намуданд. Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки рушд ва инкишофи минтақаи Осиёи Марказӣ аз суботу оромӣ дар Афғонистон вобаста мебошад ва омили Афғонистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ муассир мебошад. Дар ин росто иқдомҳо ва кумакҳои беғаразонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масълаи барқарорсозӣ ва бозсозии кишвари ҳамҷавори Афғонистон зикр гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






