Баёнияи Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар робита бо ҳаводиси ноамн сохтани вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат аз ҷониби гурўҳи ҷинояткорон

Сентябрь 10, 2015 06:18

    Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). —  Маркази исломии Тоҷикистон ва Шўрои уламои мамлакат ҳамчун ниҳоди масъул ба фазои дину диндории мардуми кишвар аз кўшишу талошҳои ноҷавонмардона ва бешарафонаи як гурўҳ ҷинояткорон бо сарварии собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат Абдуҳалим Назаров (Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ размандаи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва узви ҲНИТ) оид ба муташанниҷ сохтани вазъи сулҳу субот дар Тоҷикистон шадидан нигаронӣ мекунад. Субҳи 4-уми сентябр ин гурўҳи ҷиноӣ бо роҳи куштору зўроварӣ ва бо ҳадафи аз нав эҳё намудани вазъи ҷангу муқовимат ба ҳукумати қонунӣ ба бинои марказии Вазорати дифоъ ва шуъбаи корҳои дохилаи шаҳри Ваҳдат ҳамла оварда, чанд нафар муҳофизони амнияту тартиботро ба қатл расониданд. Ахиран, ин гурўҳи ѓаддор аз нокомиву маѓлубият ба дараи Ромит фирорӣ шуд ва чунонки аз Маркази матбуотии Вазорати умури дохила бармеояд, қисмати зиёди аъзои ин дастаи террористон безарар гардонида шуда, қисмате дастгир шудаанд.
    Тибқи иттилооти мақомоти расмӣ, бар асари ҳамлаи ноҷавонмардонаи ин гурўҳи хиёнаткор чанд нафар аз муҳофизони ҳуқуқу тартибот, сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта ва чанди дигар  маҷрўҳ шудаанд. Боз бар асари хиёнат ва амалисозии нақшаҳои зиддимардумиву ифротгароёнаи ҷинояткори собиқадоре ба номи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки бидуни шубҳа аз рўи тавсия ва фармони хоҷагони бурунмарзиаш теѓи ҷаҳолат бар сари мардуми осудаи тоҷик ва диёри ободи тоҷикистониён кашид, дар чанд оилаи тоҷик садои ҳузнангези гиряву фиѓони модарони тоҷик баланд шуд, даҳҳо тифлакони маъсум аз навозиши падарони меҳрубон бенасиб гардиданд. 
Андўҳу алам ва гиряву мотами хоҳарону модарони сарбозону афсарони шаҳидшуда дар замону маконе ба фазо мепечад, ки ҳеҷ гуна осоре аз исёну шўру ѓавѓо дар Тоҷикистони орому осоишта ба назар намерасид. Ин гуна оромиву субот, ки мардумони ҷангзадаи дунё дар орзуи он ҳастанд, ба Ҳоҷӣ Ҳалиму мафкурапардозону хоҷагони ў, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар берун аз марзи он писанд набуд ва мо мутмаинем, ки ин кирдори пурдаҳшат натиҷаи кори як қишре ҳаст, ки барояшон арзишҳои сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ аҳамияту қимате надорад. Дар тинати нопоки онҳо то ҳол ҳисси ниқорталабӣ ва ноором сохтани иҷтимоъ ҷавлон мезанад, ки ваҳшонияти Ҳоҷӣ Ҳалим бори дигар инро ба исбот расонд. 
Дар урфият мегўянд, ки таърих беҳтарин омўзгор аст ва касе, ки аз таърих ибрат намегирад, аз ҳеҷ каси дигар сабақ гирифта наметавонад. Мардуми тоҷик сабақи муноқишаҳои маргбори солҳои 90-умро, ки бо пешхезиҳои гурўҳе аз ифротиёни наҳзатӣ ва доираҳои ҲНИТ кишварро дар вартаи нобудӣ қарор дод, ҳеҷ гоҳ аз ёд намебароранд. Даҳшатафканиву хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим ва шарикони беимонаш идомаи ҳамон нақшаест, ки ду даҳсола қабл тарҳрезӣ шуда буд: барҳам задани субот ва дар ин замина ба даст овардани суди зиёде аз хоҷагонаш. Аҷаб он аст, ки дар рўзи нахустини ин вайронкорӣ раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом доштанд, ки бо саркардаи ин исён — Ҳоҷӣ Ҳалим равобите надоранд, гўиё ин одам дар узвияти ин ҳизб нест… Аммо аз шарҳи ҳоли ин ҷинояткор маълум аст, ки яке аз размандагони фаъоли ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд ва то охир равобити устуворе бо ин ҳизб ва фаъолони он дошт. Масъулияти худро аз ин фоҷиа дур кардани роҳбарияти ҲНИТ, ба назари мо, хеле содалавҳона менамояд. Мардуми тоҷик акнун сиёҳро аз сафед хеле хуб фарқ мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки ин диёри обод дубора ба гирдоби фано биафтад. Мо бо камоли масъулияти имониву инсонӣ хиёнати ин гурўҳи ҷиноятпешаро маҳкум мекунем ва ба хешовандону пайвандони афсарону сарбозони шаҳидшуда аз даргоҳи Худованди таъоло сабри ҷамил ва аҷри азим мехоҳем. 
То кунун намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ин ваҳшониятро маҳкум кардаанд ва сарони бузургтарин кишварҳои олам – Амрикову Русия низ хоҳони барқарории суботи Тоҷикистон буданашонро эълом доштаанд.  Ҳамчунин Ассамблеяи парлумонии САҲА, Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо, чандин созмонҳои дигари байналмилалӣ дастгирии хешро аз сиёсати ваҳдатофарини Ҳукумати Тоҷикистон баён намудаанд. Хашму эътирози садҳо ҳазор ҷавонони тоҷики дохилу бурунмарзӣ, ки тавассути изҳороту баёния ва муроҷиатномаҳо ба нашр мерасад, гувоҳи он аст, ки мардум якдилона ин ҷинояти гурўҳи ифротиёнро маҳкум намуда, аз сиёсати тараққипарваронаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.  
 Ин ҳодисаи бисёр нангин ва фоҷиабор дар рўзҳое рух дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ҷашни аз ҳама муҳим ва азизтарини кишвар омодагӣ дошт. Фардеву гурўҳе ба ҷуз аз ин тўдаи ҷинояткорон дар сар хаёле аз нотинҷиву ноамн сохтани вазъи мамлакатро надошт, мардум аз пайи кору фаъолияти ҳамешагӣ, мактабиён рў ба муассисаҳои таҳсилотӣ, донишҷўён ба донишгоҳҳои хеш ва намозгузорон ба масҷид мерафтанд. Яъне зиндагии мардум, ҳамон тавре ки 18 сол қабл сулҳу субот ва амну осудагиро орзу мекарданд ва тўли ин солҳо ба зиндагии шарафмандонаи осоишта ва шоиставу бунёдкорона одат карда буданд, ҷараён дошт ва дар тасаввури касе ҳам намеѓунҷид, ки чунин як амали зиддимардумӣ аз ҷониби шахсияте сар мезанад, ки ҳукумат ба ў бовар карда, муовинати вазорати дифоъро вогузор намуда буд. Ин кирдори Абдуҳалим Назарзода ҳамон байти машҳури Саъдии бузургворро ба хотир меорад, ки чунин аст:
   Неши ақраб на аз раҳи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст…
    Албатта, пушти ин ҷиноят боз киҳо ва чӣ ҳадафҳои дигаре буданд, мақомоти дахлдор муайян хоҳад кард. Яқинан чунин аст, ки ин гурўҳи ҷиноятпеша сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагиро намехостанд, кибру кина ва адовату ѓараз, нотавонбиниву носипосӣ чашмонашонро кўр карда буданд. Аз ҳама суоли мантиқие, ки дарҳол баъд аз шурўи ин ҳодиса пеши тафаккури мардум буд, ҳамин буд, ки ба ин генерал-майор, муовини як вазорати мудофиаи кишвар, размандаи мухолифин, ки тавассути Созишномаи сулҳи тоҷикон ба кори пурмасъулияти раҳбарӣ пазируфта шуд, чӣ намерасид? Бо пўшиши либоси афсарӣ, бо андешаи ватандорӣ ва бо шукру сипос аз сулҳу ваҳдати сартосарӣ мебоист ба ин мулки ободу шукуфон хидмати ҷонфидоёна мекард, барои бақои ин сулҳи бо баҳои ҷони ҳазорон ҳамдиёронамон дар солҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандӣ бадастомада талошҳои ҷавонмардона меварзид. Ҳайҳот, ки дар табиати ин шахс заррае аз фазоили на фақат арзишҳои инсонӣ, балки аз муқаддасоти исломӣ низ набудааст. Аз ҳама беш аз ин амалкарди Абдуҳалим Назарзода ҷомеаи муслимини кишвар ба эътироз омадаанд. Зеро ҳар фарди муъмин ва мусалмоне, ки аз кўраи оташи ҷанги хунини солҳои навадум гузаштааст, арзиши сулҳ ва қимати ваҳдатро хуб медонад. 
Мардуми иззатманди Тоҷикистон, чӣ муслиму чӣ даҳрӣ, тўли солҳои ваҳдату истиқлол лаззати зиндагии шоистаи инсониро аз баракати сулҳу фаъолияти бунёдкоронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб чашидаву дарк кардаанд ва дар ҳеҷ вазъияту ҳолат такрори он солҳои бесуботиро намехоҳанд. Ягон фарди муъмин вазъи Афѓонистону Сурияву Ироқ ё шимоли Африқоро, ки ҳамааш, қабл аз дигар омилҳо, натиҷаи нотифоқиву номуттаҳидии мардум аст, барои Тоҷикистон намехоҳад. 
    Дини мубини ислом ва хосатан мазҳаби ҳанафии он сулҳу суботи ҷомеаро беҳтарин арзиш эътироф мекунад, ки барои ҳар фарди мусалмон комилан фаҳмову равшан аст.  Исломи азизу муқаддас куллан муқобили фитнаву зулм ва беадолатист. Зулм аз мавқеи ислом, ба чизе зарар расонидан, аз ҳад гузаронидан, аз роҳи рост баромадан, аз адолат берун будан, ҳақро ба соҳибаш надодан, рафтори ношоиста кардан аст. Ба ҳамин мазомин ин мафҳум дар 58 сураи Қуръони карим ба таври умумӣ 289 маротиба омадааст. Паёмбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтаанд:  «Ба бародари муъминатон, хоҳ золим бошад ва хоҳ ба зулм гирифтор, кумак кунед». Яке аз саҳобагон аз Расули Худо пурсон шудаанд: «Ба нафари ба ноҳаққӣ гирифторшуда кумак мекунем, вале ба нафари зулмкарда чӣ хел кумак кунем? Пайѓамбари Худо (с) дар посух гуфтаанд: «Бо нагузоштани ў ба зулм кардан». Аз ин гуфтори мубораки Расули Акрам чунин хулоса мешавад, ки ислом зидди зулму ситам аст ва вазифаи ҳар фарди мусалмон аст, ки монеаи зулму бадкирдорӣ ва тахрибкорӣ бишавад. Ба ҳамин маънову муҳтаво Сайидои бузург мефармоянд:
     Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад…
    Ватани азизи мо — Тоҷикистон дар арафаи 24-умин солгарди истиқлол қарор дорад. Имрўз бо шарофати заҳмати шабонарўзӣ ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат ва дар ҷавоб қадршиносиву назму низоми фаъолонаи мардуми шарафманди кишвар мо ба рўзгори осудаву ҳаёти шоиста расидаем. Дар ҳар кунҷу канори мамлакат ободкориҳо идома доранд, рўз то рўз зиндагӣ ранги дигар, шукўҳу шаҳомати дигар мегирад. Дар чунин вазъ рў ба харобӣ овардан, нақшаи муноқишаву низоъро кашидан ва нодида гирифтани сулҳу субот гувоҳи ба неъматҳои Худои таъоло носипосиву ношукрӣ кардан аст.
     Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
В-ар нагўӣ, аз кафат берун кунад…
    Пас, боистӣ ҳамдилу ҳамзабон ва дар паҳлўи ҳам бошем, то ба қуллаи муроду мақсуд бо ҳам бирасем. Қадри суботу осудагиро донем ва ҳаргиз нагузорем, ки нохалафе пой бар ин муқаддасоти мо гузорад.  

Шўрои уламои Маркази исломии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Сентябрь 10, 2015 06:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад