БДА: Ба Душанбе даромадан манъ аст!
Душанбе, 15.09.2015.(АМИТ «Ховар»).- Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД эълон кардааст, ки аз 13 то 15 — уми моҳи равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба самти пойтахти кишвар, ба истиснои ҳолатҳои интиқоли молу амволи муҳими хоҷагии халқ маҳдуд карда мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВКД маҳдудкунии ҳаракати васоити нақлиётӣ бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, сурат мегирад.
Гуфта мешавад, ки дар ин муддат ҳаракати мошинҳое, ки ба дигар манотиқи ҷумҳурӣ равонанд, аз тариқи роҳҳои беруназшаҳрӣ роҳандозӣ мешавад.
Ба иттилои раёсат 15 — уми сентябр аз соати 08.00 то 16.00 дар хиёбони Рӯдакӣ, аз майдони Сарҳадчиён то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Бухоро, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино ва кӯчаҳои ҳамшафати онҳо; Теҳрон, Шероз ва Н.Ганҷавӣ ҳаракати нақлиёт муваққатан манъ мешавад.
Гуфта шудааст, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт дар ин рӯзҳо метавонанд аз кӯчаҳои Айнӣ, Карамов, Дӯстии халқҳо ва Мастонгулов истифода намоянд








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






