Бонки миллӣ: муомилоти ғайринақдӣ сифатан беҳтар мегардад

Сентябрь 21, 2015 05:40

Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва ноиби Президенти ширкати байналхалқии Visa International Service Association Майкл Доннелли оид ба низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳо Созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
Минбаъд амалҳои ҳисоббаробаркунӣ бо кортҳои пардохтии Visa International дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо бо пули сомонӣ, яъне бе амалиёти иловагии мубодилаи асъор сурат мегиранд.
То ин вақт соҳибони кортҳои Visa International ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ мешуданд. Дар натиҷаи анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасонӣ бо муомилоти нақдӣ ва ғайринақдӣ муштариён зарари молиявӣ медиданд, ки ин то андозае боварии аҳолиро нисбат ба воситаҳои муосири пардохт ва низоми бонкӣ камтар мекард. Акнун бо имзо шудани Созишномаи ҳамкорӣ ин мушкилот то охири сол бартараф мешавад. Ҳоло марҳилаи аввали татбиқ намудани лоиҳаи мазкур оғоз ёфт.

Сентябрь 21, 2015 05:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст