Бояд ҲНИТ ҳарчи зудтар баста шавад!
Муроҷиатномаи як гурӯҳ сокинони ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ифтихор аз он бояд кард, ки Ватани маҳбубамон сол то сол ободу зебо ва сатҳи зиндагиамон беҳтар гашта истодааст. Шукронаи Худованди таборак ва таъоло мекунем, ки имрӯз мо марзу буми Ватан, забону миллат, дину мазҳаб ва давлату ҳукумат дорем. Албатта, ҳамаи ин муқаддасот ба осонӣ ба даст наомадааст. Мо ибтидои солҳои истиқлолии Тоҷикистони азизро хуб дар ёд дорем. Агар солҳои баъдишӯравӣ барои аксарияти ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ эҳёи давлату давлатдорӣ ва давраи созандагиву бунёдкории миллаташон ба шумор равад, барои ватани мо давраи ҳалокатбору пурфоҷиа арзёбӣ мегардад.
Ҳанӯз дар давраи охири побарҷо будани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвар ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни аҳамияти маҳалпарастиву мазҳабидошта арзи ҳастӣ намуда буданд, ки мардумро аз рӯйи мансубияти мазҳабу маҳал ба гурӯҳҳо ҷудо менамуданд. Мебоист баъди соҳибистиқлол гаштани ватанамон ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ғаразҳои худро сарфи назар карда, дар атрофи Ҳукумати қонунии кишвар муттаҳид мегаштанд ва баҳри бунёди давлати навини тоҷикон камари ҳиммат мебастанд. Вале, мутаассифона, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ки яқинан аз хориҷ маблағгузориву идора карда мешуданд, на фақат аз ҳамкорӣ бо ҳукумати қонунӣ рӯ метофтанд, балки мардумро рӯирост алайҳи ҳукумат ва дигар мардуме, ки онҳоро эътироф намекарданд, ба муборизаҳои мусаллаҳона даъват менамуданд. Натиҷаи ҳамин тарафкашиҳо буд, ки кишвари тозаистиқлоламон ба ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ кашида шуд. Бар асари ҷангӣ бародаркуш ҳазорҳо ҷавонони тоҷик нобуд гашта, ҳазорҳо нафари дигар сарсону саргардон дар хоки бегона гуреза шуда, иқтисодиёти кишвар ба куллӣ хароб гардид, аксари мардум бе хонаву дар монд. Бояд рӯирост иқрор шуд, ки дар барангехтани ҷанги бародаркуш аз ҳизбу ҳаракатҳои он давра аз ҳама бештар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сабабгори асосӣ буд. Як қисми мо собиқ аъзои ҳизби мазкур будем ва бо чашми худ медидем, ки роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чӣ тавр мардумро ба мусаллаҳшавӣ ва ба ҷанг бар зидди ҳукумату мардуми ҷонибдори ҳукумат даъват менамуданд. Ҳангоми гуреза будан мо, мардуми оддӣ дар шароити бади тоқатфарсо, дар хориву залили рӯзро паси сар мекардем, роҳбарони ҳизб бошанд, дар шароити шоҳона бо хоҷагони хориҷии худ нақшаҳои нопок мекашиданд. Кор то дараҷае расида буд, ки ҳар нафаре зидди ақидаҳои ҳизбӣ изҳори норозигӣ менамуд, «кофир» ҳукм гардида, радди маърака мешуд. Инчунин бо ташаббуси роҳбарони ҳизб аз шароити муносиб истифода бурда, фарзандони дар хоки бегона гурезашударо барои гирифтани таълимоти динӣ ба марказҳои динӣ равона карданд, ки дар натиҷа онҳо ба ҳар гуна равияву ташкилоти террористиву экстремистӣ шомил гашта, ба ватан ақидаҳои ба мазҳаби мо бегонаро ворид карданд. Мавҷудияти ҳамин ҳизб аст, ки то ҳол дар мамлакати ободи дунявӣ ҳар гуна созмонҳои номатлуби динӣ мардумро гумроҳ карда истодаанд. Дини гузаштагонамонро бидъат ва нодуруст меҳисобанд. Ҳоло ҳам мехоҳанд бо истифода аз рукнҳои динӣ падарро аз писар, бародарро аз бародар ва ҳамсояро аз ҳамсоя ҷудо намуда, байни миллати тоҷик ихтилоф андозанд.
Ҳол он ки дини мубини Ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ҳеҷ вақт эҳтиёҷ надошту надорад. Мусулмон будан на бо аъзо шудан ба сафи ҳизб, балки бо арза намудани калимаи зебои «Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммадан расуллулоҳ» мебошад. Ҳадафи ҳама гуна ҳизбу ҳаракат на ҳифзи аркони шариат, балки ба сари қудрат овардани роҳбарони худ мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади ризои нафси худ, калимаи зебои Исломро олудаву доғдор кардан оини мусалмонӣ нест. Имрӯзҳо мо мебинем, ки аъзои Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон дар аксар маврид худро намояндаҳои рӯҳониён ҷилва дода, аслан ба таблиғи ҳадафҳои сиёсии худ машғул мебошанд. Ҳол он ки ягон ҳизби сиёсӣ ҳуқуқи аз номи поки дини мубини Ислом сӯйистифода карданро надорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки соли 1997 баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 фисади вазифаҳои давлатиро ба собиқ мухолифин ҷудо намуда буд. Аз ҷумла, дар доираи «30-фоиза» Назарзода Абдуҳалим Мирзо дар Вазорати мудофиаи ҶТ адои хизмати ҳарбӣ мекард ва то вазифаи муовини вазири мудофиа расида, соҳиби рутбаи баланди ҳарбӣ — генерал-майор шуд. Вале номбурда аз ин вазифаи баланд ва рутбаи баланди ҳарбӣ ношукрӣ карда, ба Ватану миллат хиёнат намуда, даст ба ҷинояти вазнини давлатӣ мезанад. Яъне, ӯ аз вазифаи хизматиаш истифода бурда, ҳамроҳи дигар ҳаммаслаконаш санаи 03.09.2015 аз хонаҳои нигоҳдории яроқу аслиҳаи Вазорати мудофиаи ҶТ миқдори калони яроқи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангиро гирифта, онҳоро ба мошинаҳои ҳарбӣ бор карда, барои амалӣ намудани амалҳои террористӣ аз ҳудуди вазорат бароварда, дар роҳ якчанд корманди милитсияро ваҳшиёна ба ҳалокат расонида, ба самти шаҳри Ваҳдат меравад ва дар он ҷо бо ҳаммаслакони худ боз ба ШВКД ш. Ваҳдат ҳамлаи террористӣ намуда, якчанд корманди онро ваҳшиёна ба ҳалокат мерасонад ва баъдан ба самти дараи Ромит фирор мекунад.
Чӣ тавре ки ба ҳамаи мо маълум мебошад, Назарзода А.М. ва ҳаммаслакони ӯ аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошанд ва онҳо ҳамчун «мусулмони комил» даст ба ин амали терроистӣ задаанд, ки бо ин амали худ ба дини ислом зарбаи сахт зада, дар арсаи байналмилалӣ дини мубини исломро бори дигар бо терроризм олуда намудаанд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва воқеаву ҳодисаҳои ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки дар кишваре, ки ҳизбҳои сиёсии дар асоси дину мазҳаб созмонёфта фаъолият доранд, норозигии дигар қишри ҷомеаро ба вуҷуд оварда, боиси нооромӣ ва ҷангҳои шаҳрвандӣ мегарданд. Дар Ватани маҳбуби мо, ки зиёда аз 99 фисади мардумаш мусалмон мебошад, дар ҳамаи деҳаҳову маҳаллаҳо масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ ба таври доимӣ амал карда, ҳар як мусалмони кишвар озодона дар масҷидҳо намоз мегузоранд ва ҳамаи талаботи аркони диниро озодона ба ҷо меоранд. Бинобар ин, вуҷуд доштани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ватанамон ғайримантиқӣ буда, боиси тафриқаандозӣ дар байни мардуми кишвар мебошад.
Ҳамаи зарару зиёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, инчунин вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, алалхусус «Давлати исломӣ» ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба инобат гирифта, мо — як гурӯҳ сокинони маҳаллаи Гулистони ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус дар муроҷиатномаи мазкур норозигии худро вобаста ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баён менамоем. Вобаста ба ин амали террористие, ки аз тарафи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба амал бароварда шуд, ба ҳамаи сокинони кишвар муроҷиат намуда, хоҳиш менамоем, ки ҳизби мазкур ҳарчи зудтар дар қаламрави ҷумҳурӣ баста шавад. Вуҷуд доштани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба фазои сулҳу ваҳдат ва суботу оромӣ дар кишвар халал ворид намуда, танҳо хатари сар задани нооромиву ноамниятиро зиёд мекунаду халос.