Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат»
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов ташриф оварда, аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори Хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», «Ватан» ва Боғи Сомон шинос шуд.
Хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум ташкил шудааст.
Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 18 гектар замин дорад, ки аз ин шумора 8 гектараш обӣ, 4 гектарро токзор ва боқимонда боғҳои донакдору тухмдор ташкил медиҳад ва дар он 18 нафар саҳмдор ҳамвора заҳмат мекашанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз заминҳои солҳои сол бекорхобидаи хоҷагӣ дидан кард, ки баъди ворид кардани пойгоҳи обкашӣ 60 гектар замини санглохи хоҷагӣ аз нав ба гардиши кишоварзӣ даровардаю соли ҷорӣ токзори нав шинонида шуд.
Барои шодоб кардани ин мавзеъ бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ пойгоҳи интиқоли оби полезӣ ва 1,5 километр қубурҳои обгузар, се километр наҳри обгузар аз нав барқарор шуда, аз баракати он мавзеъи 40 сол ташналаб шодоб гардид.
Баъди шиносоӣ бо кори ибратбахши хоҷагии Ватан, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳрро тамошо кард.
Хоҷагии деҳқонии «Хоҷӣ Неъмат» бошад, дар майдони 105 гектар замин доман густурдаааст, ки дар қисми бештари заминҳо бунёди токзори замонавиро ташкил медиҳад.
Дар замини мазкур гандум кишт карда мешуд, ки аз норасоии об ҳосили ночиз мегирифтанд. Соли ҷорӣ бо иқдоми роҳбарияти хоҷагӣ аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парвариш карда, ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед»-ро шинонидаанд, ки нашъунамои хуб доранд.
Аҳли заҳмат бо истифода аз ҳар як ваҷаб замини байни қатори токзорро самаранок истифода бурда, дар он 15 гектар тарбуз, 20 гектар помидору бодиринг кишт карданд, ки аз як гектари он 40-50 тонна тарбуз ва аз 20 гектар помидору бодиринг 50-60 тонна ҳосил рӯёнидаанд.
То имрӯз танҳо аз ҳисоби сабзавоту полезиҳо 150 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ворид шуда бошад ҳам, дар саҳро ҳанӯз ҳосил зиёд аст.
Баъди ба гардиши кишоварзӣ ворид шудани заминҳои ташналаб имкон даст дод, ки 100 нафар сокинони деҳаи Янгибоғи ҷамоати Ҷӯра Раҳмонов бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин шудаанд, ки маоши онҳо 600 сомонро ташкил менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббуси роҳбарияти хоҷагии оилавиро намунаи ибрат барои дигарон хонда, онро дар таъмини дастурхони мардум бо маҳсулоти ниёзи аввалия муҳим арзёбӣ кард.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат» аз майдонҳои ин токпарвари асил шинос шуд, ки дар он шаш номгӯи ангурҳои хуштамъ бо санъати баланди касбӣ парвариш меёбад.
Аз хушаҳои ҳосили фаровони токҳои ангур айён аст, ки онҳо ҳамасола аз ин пешаи худ ҳосили дилхоҳ мегиранд.
Айни замон аз ҳосили токпарварони хоҷагӣ тоҷирони Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия харидорӣ менамоянд. Ҷиҳати захира кардани ҳосили боғот масъулин сардхонаи замонавӣ бунёд кардаанд, ки ғунҷоиши он 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сардхонаи хоҷагии мазкур дидан кард. Масъулин иттилоъ доданд, ки сардхона дорои 12 нуқтаи нигоҳдори маҳсулот мебошад. Таҷҳизоти сардхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки барои бо сифат нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ мебошад. Хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба соҳаи ниҳолпарварию чорводорӣ низ диққати ҷиддӣ дода, дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ 20 номгӯи ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш мегардад, ки ҳамасола барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, инчунин ба қисмҳои низомӣ мамлакат 10 ҳазор дона ниҳол ройгон тақсим мешавад.
Мутахассисону боғпарварон дар ниҳолхонаи хоҷагӣ аввалин шуда, такпайванди ниҳолҳои интенсивиро аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид ва нигоҳубиниашро ба роҳ мондаанд. Онҳо мақсад доранд, ки шумораи ин намуди дарахтони серҳосилро ба 20-30 ҳазор қаламча расонида, бунёди чунин боғҳои замонавиро ба роҳ мемонанд.
Бо ташаббуси сокинони деҳа ва кӯмаки роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» 2 километ роҳи деҳа аз нав мумфарш гардид. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷи Неъмат» 160 саҳмдор фаъолият доранд.
Зимни шиносоӣ аз хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳқонони асил барои дастгирии ташаббусҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баҳри ободии Ватан арзи сипос карда, ба онҳо барори кор таманно намуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






