Чопи «Ахтари тобон» дар «Аржанг»

Сентябрь 8, 2015 04:26

Душанбе, 08.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Ахтари тобон» чунин ном гирифтааст қиссаи тозаэҷоди нависанда Маҷид Салим, ки онро чопхонаи «Аржанг» дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии  кишвар ба тозагӣ мунташир намуд. 
Қиссаи мазкур ба гиромидошти 700-солагии яке аз шахсиятҳои барҷаста,  шоир ва олими тавоно, мутафаккири бузурги машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1386) бахшида шудааст. 
«Ахтари тобон» қиссаи ибратомӯз буда,  аз рӯзгор ва сафарҳои ин орифи бузурги қарни XIV-и тоҷик  ҳикоят мекунад. 
Нависанда Маҷид Салим саъй намудааст, ки дар ин қисса паҳлуҳои нави  рӯзгор ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо забони соддаву равон ва тасвирҳои хотирмон ба қалам диҳад.   

 

Сентябрь 8, 2015 04:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст