Чораҳои пешгирӣ ва назорати байнисарҳадии бемории сил дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Ҷаласаи дурӯзаи кории минтақавӣ оид ба пурзӯр намудани назорат, пешгирӣ ва табобати байнисарҳадии бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна ва аъзои оилаҳои онҳо 29 сентябр ба кори худ оғоз кард. Ҷаласа бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил баргузор мегардад.
Дар ҷаласа намояндагони идораҳои тандурустӣ ва муҳоҷирати кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия, иштирок намуда, роҳҳои беҳтар намудани дастрасӣ ба табобати бемории сил барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаро баррасӣ карданд.
Бино ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров ҳадафи асосии ҷаласаи минтақавӣ оид ба назорат, пешгирӣ ва табобати бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ- ин омода намудани тавсияҳои амалӣ барои беҳтар намудани дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасониҳои зиддисилӣ, тандурустӣ ва некӯаҳволӣ ва инчунин барои оилаҳои онҳо тавассути барномаҳо ва нақшаҳои ҳамоҳангшуда дар сатҳи минтақа мебошад.
«Дар баробари дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба Федератсияи Русия муҳоҷирон сафар мекунанд, аммо теъдоди гирифторони бемории сил миёни ин қишри аҳолӣ сол то сол коҳиш ёфта истодааст. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемории сил шабакаи ташхисгоҳҳои нав насб гардида истодааст, ки он имкон медиҳад бемории сил сари вақт ошкор шавад»,-гуфт Н.Ҷаъфаров.
Муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ як падидаи ба ҳама маълум аст. Муҳоҷирони меҳнатӣ барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳам кишварҳои аслиашон ва ҳам кишварҳои қабулкунанда саҳми назаррас мегузоранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар сеюмин оила ҳадди ақал як нафар узви оила дар хориҷ аз кишвар кор мекунад. Тақрибан 98 % ва ё
1.2 миллион муҳоҷири тоҷик ба Федератсияи Русия сафар мекунад. Аз нуқтаи назари бемории сил кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои нишондиҳандаҳои баланди бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи бемории сил дар минтақаи аврупоии ТҶТ (Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ) мебошанд.
Ба қавли сардори раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Моёншо Маҳмадбеков яке аз мушкилоти асосие, ки то имрӯз аксари муҳоҷирони тоҷикро дар Федератсияи Русия ба ташвиш овардааст, ин эътироф накардан ва ё ба расмият нашинохтани маълумотномаи тиббии онҳо мебошад.
«Саломатии муҳоҷир дар мадди аввал аст, саломатӣ, ки хуб набошад, вай ба хориҷа ҳам рафта наметавонад. Аз ин рӯ бисёр иқдоми хуб аст, ки вазорату идораҳои Ҳукумати кишвар ба ин масъала рӯ оварданд ва дар ҳамкорӣ байни вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ин масъала метавонад дар оянда ҳалли худро ёбад»,-зикр намуд М.Маҳмадбеков.
Аз сабаби муваққатан дар хориҷа қарор доштан, фарогирии муҳоҷирони меҳнатӣ ба барномаҳои зиддисилӣ мушкил мегардад. Махсусан, ҳангоми сафар муҳоҷирон ба ташхис ва табобати бемории сил дар кишварҳои қабулкунанда дастрасии маҳдуд доранд. Дар Тоҷикистон фоизи беморони сили нав ба қайд гирифташуда байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2014 то 19 % афзудааст.
Роҳбари барномаи минтақавии USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистион ва Ӯзбекистон Тимур Аптекар мегӯяд, яке аз ҳадафҳои баргузории ҷаласаи мунтақавӣ оид ба пешгирии бемории сил миёни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ- ин пеш аз ҳама коҳиши сатҳи паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа мебошад.
«Ҳар қадаре ки мо барвақттар нишонаҳои бемории силро ошкор кунем, ҳамон қадар табобати ин беморӣ осонтар мегардад», — илова намуд Т.Аптекар.
Мақсади Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил, ки барои панҷ сол ба нақша гирифта шудааст, ин коҳиши сатҳи паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистон мебошад. Барнома ба тақвияти коркарди сиёсати миллӣ, беҳтар кардани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобат, дастгирии низоми кумаки тиббии ба бемор равонашуда, ҳамчунин тақвияти таҳлилгоҳу дигар бахшҳои тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.
Ба қавли намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон Қуванбек Муратов ҳамасола тахминан 600 муҳоҷири кории қирғиз ба бемории сил гирифтор мешавад, ки ин боиси нигаронии ин кишвар гаштааст.
«Бояд барои пешгирӣ ва табобати муҳоҷирон тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Мо бояд вазъи иҷтимоии муҳоҷиронро на танҳо дар хориҷи кишвар, балки дар дохили кишвар беҳтар намоем, зеро камбизоатӣ як воситаи асосии сироят ва паҳншавии бемории сил мебошад»,-ибрози андеша намуд К.Муратов.
Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил яке аз он барномаҳои сершумори кумак ба ҳисоб меравад, ки бо дастгирии мардуми Амрико муяссар гардидааст. Ин барномаҳо ба тақвияти институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон, рушди соҳаҳои
тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт равона гардидаанд.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






