Дар Душанбе намоишгоҳи молҳои Равалпиндӣ гузаронида мешавад

Сентябрь 4, 2015 06:42

               Душанбе, 04.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Покистон тасмим гирифтааст, ки охири моҳи октябр дар Душанбе намоишгоҳи молҳои истеҳсолии шаҳри Равалпиндӣ ва ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистонро баргузор намояд. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Тариқ Иқбол Соомро- сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
     Назар ба иттилои Мукаммал Раҷабӣ -сухангӯи Палатаи савдо ва саноати кишвар мусоҳибон дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни  ду кишварро матраҳ намуданд. «Тоҷикистон ба дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо Покистон хушбин аст»,  афзуд Шариф Саид. Мавсуф баргузории намоишгоҳҳои  молҳои истеҳсоли Покистонро дар Душанбе қадами устувор дар роҳи тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармояи покистонӣ ба иқтисоди кишвар, ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, дарёфти шарикони тиҷоратӣ ва шинохти бозорҳои ҳар ду кишвар унвон кард. 
         Дипломати покистонӣ афзуд, ки Тоҷикистон барои Покистон,  яке аз шарикони боэтимоди иқтисодию тиҷоратист. Умед аст, ки ташкили намоишгоҳи молҳои Покистон ва ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар дар Душанбе заминаи мусоидро дар рушди минбаъдаи таҳкими ҳамкориҳои  иқтисодии ду кишвар фароҳам хоҳад овард. 

 

Сентябрь 4, 2015 06:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад