Дар Нангарҳор бар асари хатари ДИИШ 58 мактаб баста шуд
Душанбе, 21.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба хабари раёсати маорифи вилояти Нангарҳори Афғонистон, дар вилоят бар асари хатари террористони ДИИШ 58 мактаб баста шудааст. Сокинони Нангарҳор изҳор доштаанд, ки дар муборизаи зидди толибон ва ДИИШ ба қувваҳои низомии Афғонистон кӯмак хоҳанд кард.
Агентии иттилоотии «Хома пресс» хабар медиҳад, ки як қисми мактабҳоро силоҳбадастони «Давлати исломӣ» бастаанду дар қисми дигарашон таълиму тадрис ба манзури бехатарӣ қатъ гардидааст.
Ба гуфтаи намояндаи раёсати маорифи вилояти Нангарҳор Муҳаммад Осиф, 300 ҳазор кӯдакони вилоят аз хавфи ДИИШ мактаб намераванд. Раёсати маорифи вилоят барои бастани мактабҳо бо кормандони қувваҳои амният, ҳукуматдорони маҳаллӣ ва роҳбарони қабилаҳо гуфтушунид мекунад.
Тайи якчанд моҳи охир силоҳбадастони «Давлати исломӣ» дар ҳудуди вилоят қариб 600 нафар сокинони осоиштаро куштаанд. Назар ба хабарҳои матбуот, силоҳбадастони гурӯҳи террористӣ ҳатто кӯдаконро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






