Дар Тоҷикистон якчанд роҳи мошингард таҷдид мешавад
Душанбе, 16.09.15. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — То охири соли равон татбиқи якчанд лоиҳаи нақлиётӣ барои таҷдиди роҳҳои мошингарди дохилӣ оғоз меёбад. Аз ҷумла, таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода (аз дарвозаи ғарбии пойтахт то муҷассамаи Сино) ва Хуҷанд — Исфара дар назар аст.
Тавре ки дар Вазорати нақлиёти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, то имрӯз дар бахши нақлиёти ҷумҳурӣ 15 лоиҳа ба маблағи 526 миллион доллари ИМА дар амал татбиқ мешавад.
Алҳол омодагирӣ ва корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ аз рӯи бархе лоиҳаҳои нав идома доранд. Татбиқи ин лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон бо кишварҳои дигари ҳамҷавор, яъне бо инфрасохтори коммуникатсионии минтақавӣ пайваст гардад. Таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаи Хумб — Ванҷ аз ҷумлаи онҳост.
Алҳол дар татбиқи лоиҳаҳои зикршуда беш аз 1 ҳазору 300 нафар мутахассисон иштирок доранд, ки 76,3 фоизи онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир роҳҳои мошингарди Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, ҳамчунин роҳҳои асосии мошингарди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ва Мастчоҳи вилояти Суғд мумфарш карда шуданд.
Маблағи умумии корҳои зикршуда беш аз 85 миллион сомониро ташкил дод. Ғайр аз ин, соли 2014 масофаи 116 километри роҳҳои дохилии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҷдид гардида, барои он 40 миллион сомонӣ аз маблағҳои ҳам буҷет ва ҳам соҳибкорони маҳаллӣ сарф шудааст.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






