Дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 04.09.2015.(АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоса касб намуд. Дар тӯли таърих ин миллат ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки бузургтарини он Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Хушбахтона имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Дар тӯли 24 соле, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт, ҷавонон ба дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Ҳамчунин муваффақиятҳои ҷавонон сол ба сол дар ин даврон чашмрас аст. Дар робита ба дастовардҳои ҷавонон дар тӯли солҳои истиқлолият, мо сӯҳбат доштем бо Мавсума Муинӣ, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ.
Ховар: — Истиқлолият, нақш ва ҷойгоҳи ин арзиши олӣ дар ҷомеа аз нигоҳи Шумо?
Мавсума Муинӣ: — Истиқлолият неъмати гаронбаҳоест, ки бо доштани он метавон ҳадафҳои бузургу созандаро дар амал татбиқ намуд. Воқеан ҳам 9 сентябри соли 1991 барои ҳар як фарди худогоҳу худшинос ҳамчун рӯзи муборак дар хотир боқӣ хоҳад монд, зеро бо пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, 9 сентябр 1991 Иҷлосияи 12 –уми ғайринавбатии Шӯрои Олӣ, эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии ҶТ-ро қабул намуд, ки ин воқеа роҳу равиши давлат ва тақдири мардуми кишварро дигар кард. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии ҶТ ва сиёсати Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои сокинони кишварамон аз ҷумла ҷавонон сол ба сол афзун мегардад. Албатта, дар таърих борҳо мушоҳида мешавад, ки истиқлолияти комили милливу давлатӣ осон ба даст намеояд ва мушкилиҳои зиёдеро барои расидан ба он бояд паси сар кард. Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти ҶТ, бо устувор гардидани рукнҳои сохти демократӣ, ҳуқуқӣ, нақши ҷавонон дар ҷомеа хело боло рафтааст. Дар тӯли 24 соли истиқлолияти давлатӣ, ҷавонони мо ба дастовардҳои баланди илмӣ, варзишӣ, иқтисодиву ҷаҳони расидаанд, ки ин боиси ифтихори миллати мо мебошад.
Ховар: — Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор гардидани рукнҳои сохти демокративу ҳуқуқбунёд, нақш ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа чи гуна арзёбӣ мекунед?
Мавсума Муинӣ: — Дар зарфи 24 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ ҳукумати кишвар, ҷиҳати боло бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши илму ҳунар, аз худ кардани касбҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ, барои воқиф будан аз технологияҳои муосир шароитҳои мусоид фароҳам оварда истодааст. Он ислоҳоту дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, сохтмони пулҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, толорҳои варзишӣ барои ҷавонон, ё сафарбар кардани ҷавонон ба хориҷи кишвар, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани истиқлолияти комили ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Имрӯз баҳри дастгирии олимони ҷавон, таъсис ёфтани 12 адад ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, таъсис гардидани 300 адад степендияи президентӣ, квотаи президентӣ барои дастгирии ҷавондухтарону ҷавонписарон таъсис дода шудааст, ки ин ҳама дастовардҳои истиқлолият мебошанд. Ва дастоварди бузурги дигари ҷавонон ин аст, ки соли ҷорӣ бо фармони Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди президенти ҶТ таъсис гардид, ки мақсади таъсиси он ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҶТ мебошад.
Ховар: — Тавре маълум аст Сарвари давлат дар ҳар як баромади худ нисбат ба рӯзгори ҷавонон, нақши онҳо дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар ин радиф дастоварду муваффақиятҳои худи ҷавонон низ ба хуби эҳсос мешавад. Шумо дар ин маврид чи нуқтаи назар доред?
Мавсума Муинӣ: — Ғалабаи пай дар пайи наврасону ҷавонони мо дар озмунҳои мухталиф, дастболо гаштани ҷавонон дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар хориҷи кишвар ва дар маҷмӯъ музаффариятҳои наврасону ҷавонон падидаҳоест, ки меваҳои истиқлолияти давлатии ҶТ маҳсуб мегардад. Имрӯз таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ба насли наврас, хело назаррас аст. Дар ҳар баромадаш Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Паёмеро мисол наметавон овард, ки дар он масъалаи ҷавонон ба таври мубрам гузошта нашуда бошад. Дар сиёсати ҳаррӯзаи Сарвари давлат масъалаи мазкур аз масъалаҳои марказӣ маҳсуб меёбад. Табиист, ки бе ҷавонони қавииродаву солимфикр ва ҷисман солим ояндаи неки сарзаминро тасаввур кардан имкон надорад. Зеро ҷавонон шоҳсутуни ояндаи ҷомеаанд. Бинобар ин, ҳар як ташаббуси неки ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирӣ меёбад.
Ховар: — Имрӯз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ барои боз ҳам хубтару беҳтар таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ чӣ чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст?
Мавсума Муинӣ: — Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳи назди ҳукумати ҶТ ки ба ифтихори 24 солагии ҶТ ба тасвиб расидааст, як қатор чорабиниҳои илмӣ, амалӣ, маърифатию-фарҳангӣ ва варзишию оммавӣ ба нақша гирифта шуда буданд, ки як зумраи он доир гардиданд. Аз 1 август то 7 сентябри соли ҷори аксияи умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем» дар саросари малакат эълон карда шуд ва ҳар ҳафта сохторҳои маҳаллии кумита дар шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби васеи ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳо, корҳои ободониву созандагиро ба роҳ монда истодаанд. Дар назар аст рӯзҳои 6-7-8 сентябр ҳам чорабиниҳои варзишӣ ва ҳам фарҳангию-фароғатӣ ва ҳам чорабиниҳои илмию амалӣ баргузор гарданд. Ҳамзамон фестивали сурудҳои ватандӯстонаи «Навои Ватан» бо иштироки сарбозону афсарони мақомотҳои қудартии кишвар барпо карда мешавад.
Истиқлолият неъмати бебаҳои миллат аст. Ҷавонони имрӯз бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгон бошанд. Дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгони худ бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳуввияти миллӣ хоҳад буд.
Умедворем, ки ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии хеш дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунад ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, рушду ободии Ватани азиз ва боз ҳам боло бурдани обрӯву нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.