Дидори С. Аслов бо С. Раббонӣ
Душанбе, 06.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Кобул дар чаҳорчӯби Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Бо дарназардошти мавзӯи рӯзномаи Конфронс ҷонибҳо ба зарурати андешидани чораҳои муштарак дар сатҳи минтақа ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тавсеаи иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ба вежа дар самти рушди тиҷорати транзитӣ, аз ҷумла бо роҳандозии лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард ва интиқоли нерӯи барқ ба вилоятҳои шимоли Афғонистон таъкид карданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






