«Динамо» 17 давлати дунёро муттаҳид месозад
Душанбе, 23.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Аз 17 то 20-уми сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» баргузор гардид.
Ҳамзамон 90-солагии Иттиҳоди ҷамъиятии варзишии «Динамо»-и Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки вазири корҳои дохилии ин кишвар Калмуханбет Касимов таҷлил гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагон аз 17 давлати дунё, аз Ҷумҳуриҳои Беларус, Булғористон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Украина, Федератсияи Русия ва Ангола ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» дар соли 2015 ва гузаронидани мусобиқаҳо дар давоми соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Аслиддин Шоҳиён ҳозиринро бо 90-солагии Иттиҳоди ҷамъиятии варзишии «Динамо»-и Ҷумҳурии Қазоқистон табрик намуда, ба онҳо дастовардҳои баланди варзишӣ таманно намуд.
Дар идомаи суханронӣ Шоҳиён Аслиддин зикр кард, ки дар моҳи майи соли 2015, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқаи футболи хурд байни аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо»-ро таҳти шиори «Варзиш — зидди нашъамандӣ» баргузор намуд. Ҳамчунин баргузории чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дар моҳи майи соли 2016 дар назар дошта шудааст.
Аслиддин Шоҳиён аз номи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии байналмилалии ҷамъиятҳои «Динамо» ва раиси Иттиҳоди ҷамъиятии варзишии «Динамо»-и Ҷумҳурии Қазоқистон туҳфаҳои хотиравӣ супорида, барои боз ҳам мустаҳкам шудани ҳамкорӣ ва дӯстию рафоқат байни варзишгарони шӯрои мазкур изҳори умедворӣ кард.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






